Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

девон созанд. Ва аз маҷмӯи он ба ҳукми ҷараёни суннати Бори таъоло дар шахси масхур ҳолҳои ғариб пайдо ояд. Ва маърифати ин асбоб аз он рӯй, ки маърифат аст, накӯҳида нест, валекин ҷуз зиёнкорӣ халқро нашояд ва василати шарр, шарр бувад. Ва ин маъниест, ки сабаби накӯҳиши ӯст. Бал золиме, ки қасди куштани валие дорад — ва ӯ ба мавзеи ҳасин¹ пинҳон шавад — ва агар аз ҷойи вай пурсад, вайро нашояд гуфт, бал дурӯғ дар ин мавзеъ воҷиб бувад. Ва маълум аст, ки зикри мавзеи валӣ ба ростӣ иршод аст ва ифодати илм ба чизест, чунон ки он чиз аст, валекин ба сабаби он чи муаддӣ аст ба зарар, накӯҳида аст.

Сабаби дуввум он ки дар ағлаби амр зиёнкор соҳиби илм бувад, чун илми нуҷум, ки ӯ дар нафси худ барои зоти ӯ накӯҳида нест, чи ӯ ду қисм аст:

ЯК қисм ҳисобӣ ва Қуръон нотиқ аст, ки сайри ситорагон ба ҳисоб аст. Қавлуҳу таъоло: «аш-Шамсу ва-л-қамару биҳусбон»². Ва қавлуҳу: «Ва-л-қамару қаддарноҳу манозила ҳатто ода ка-л-урҷуни-л-қадим»³.

Ва дуввум аҳком ва ҳосили ӯ далел гирифтан аст бар ҳодисот [ба] асбоб ва он монанди далел гирифтани табиб аст ба набз ба беморие, ки ҳодис шавад. Ва ӯ шинохти маҷории суннати Ҳақ таъоло аст дар офаридагони Ӯ, валекин дар шаръ накӯҳида аст.

Қола, алайҳи-с-салом: «Изо зукира-[51]-л-қадару фа-амсику ва изо зукирати-н-нуҷуму фаамсику ва изо зукира асҳобӣ фаамсику». Ай, чун зикри тақдири некӣ ва бадӣ ва зикри ситорагон ва зикри ёрони ман равад хомӯш бошед. Ва қола, алайҳи-с-салом: «Аҳофу ало умматӣ баъдӣ салосан: ҳайфа-л-аиммати ва имонан би-н-нуҷуми ва такзибан би-л-қадари». Ай, бар уммати худ пас аз худ аз се чиз ме-

¹ Ҳасин - ҷойи устувору маҳкам.
² Раҳмон, 55:5.
³ Ёсин, 36:39.

пешина
аз 567
навбатӣ