Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

тарсам: ситами подшоҳон; ва имон ба ситорагон; ва мункир шудани тақдири некиву бадӣ.

Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин се хислат фасоди дину дунёст. Чӣ подшоҳон чун зулм кунанд, кори маош номуназзам бошад. Ва ҳамгинон чун саодат ва нуҳусат аз ситорагон донанд ва одамиёнро дар афъоли худ мустақил шиносанд, [дар] корҳое, ки тааллуқ ба ихтиёри одамиён дорад, дилашон бастаи одамиён шавад ва дар корҳое, ки тааллуқ ба ихтиёри одамиён надорад, дилашон мутааллиқи ситорагон бувад ва аз ҳазрати Борӣ таъоло ба куллият маҳҷуб монанд.

Ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Таалламу ми-на-н-нучуми мо таҳтаду биҳи фи-л-барри ва-л-баҳри сумма амсику». Аз нуҷум он қадар биёмӯзед, ки дар барру баҳр бад-он роҳ бишносед ва аз зиёдат боз бошед. Ва аз нуҷум боз надоштааст, магар аз се ваҷҳ:

Яке он ки бештари халқро зиёнкор аст, ки чун бишнавад, ки ин осор дар ақиби сайри ситорагон ҳодис мешавад ва дар дилашон афтад, ки ситорагонанд, ки таъсир мекунанд ва эшон худоёни мудаббиранд – бад-он чӣ ҷавоҳири шарифи осмонианд – вақъи эшон дар дилҳо бузург шавад ва дилҳо бад-эшон мултафит бимонад ва дар некиву бадӣ биму умедро аз эшон дорад ва зикри Ҳаққ таъоло аз дил маҳв шавад. Чӣ назари заиф бар васоит максӯр бошад ва олими росиҳ он бувад, ки мутталеъ шавад бар он ки хуршеду моҳ ва ситорагон мусаххари Ҳаққ таъолоанд. Ва мисоли назари заиф сӯи хусули рӯшноӣ дар ақиби тулӯи хуршед мисоли мурча аст. Агар Ҳаққ таъоло дар вай ақл офаринад ва ӯ бар сатҳи коғазе [биравад] ва мебинад, ки сиёҳии хат мутаҷаддид мешавад. Пас, эътиқод кунад, ки он феъли қалам аст ва назари ӯ тараққӣ накунад ба мушоҳадаи ангушт, пас аз он ба даст, пас аз он ба иродате, ки ҷунбондаи даст аст, пас аз он нависандаи қодир ва мурид,

пешина
аз 567
навбатӣ