Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

монбардории сухани Ӯст: «Қули-л-Лоҳу сумма зарҳум»1. Ва мурод аз ин қавл забон нест, чи забон тарҷумонест, ки гоҳе содиқ бошад ва гоҳе козиб. Ва мавқеи назари Ҳаққ таъоло нест ҷуз дил, ки забони ӯ тарҷумони ӯст. Ва аз маъдани тавҳид ва манбаи он аст.

Лафзи чаҳорум [59] зикр ва тазкир аст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва заккир фаинна-з-зикра танфау-л-мӯъминин»2. Ай, панд деҳ, ки панд мӯъминонро суд дорад. Ва қола – алайҳи-с-салом: «Изо марартум бириёзи-л-ҷаннати фартаъу фиҳо. Қила: ва мо риёзу-л-ҷаннати? Қола: маҷолису-з-зикр». Чун бар марғзорҳои биҳишт гузаред, дар он чаро кунед. Пурсиданд: «Марғзорҳои биҳишт кадом аст?» Гуфт: «Маҷлисҳои зикр». Ва фи-л-ҳадис: «Инна ли-л-Лоҳи малоикатан сайёҳина фи-л-ҳавои сиво малоикати-л-халқ, изо раав маҷолиса-з-зикри юнодӣ баъзуҳум баъзан ҳалуммав ило бағятикум фаяътунаҳум ва яхуффуна биҳим ва ястамиъуна, ало фазкуру-л-Лоҳа ва заккиру бианфусикум». Ай, Ҳаққ таъолоро фариштагони сайёҳанд дар ҳавои берун – фариштагоне, ки ҳофизони халқанд – чун маҷлиси зикр бинанд, якдигарро овоз диҳанд, ки бишитобед сӯи матлуби хеш! Пас ба аҳли зикр бипайванданд ва гирди эшон дароянд ва истимоъ кунанд. Пайғамбар пас аз баёни ин сухан мардумонро танбеҳ мефармояд, ки Худойро ёд кунед ва худро панд диҳед. Пас лафзи тазкир нақл шудааст [ба] чизе, ки бештари воизони ин аср дар он мувозабат намоянд ва он қисасу ашъор ва шатҳу томмот аст.

Ва аммо қисас бидъат аст ва салаф боздоштаанд аз пеши қиссагӯён нишастан ва гуфта[анд], ки дар вақти Пайғамбар ва Бӯбакру Умар набуд, то он гоҳ, ки фитна зоҳир шуд, пас қиссагӯён пайдо омаданд.

пешина
аз 567
навбатӣ