Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва дар ривоят аст, ки Абдуллоҳи Умар аз масҷид берун омад ва гуфт: «Сабаби берун омадани ман ҷуз қиссагӯӣ набуд ва агар ӯ набудӣ берун наёмадаме. Ва Замра1 аз Саврӣ пурсид, ки рӯй ба қиссагӯён дорем? Фармуд, ки пушт ба бидъатҳо оред. Ва Ибни Авн2 гуфт: «Бари Муҳаммади Сирин3 рафтам, пурсид, ки имрӯз чӣ хабар аст? Гуфтам: «Амир қиссагӯёнро боздоштааст [аз қисса]». Ва Аъмаш дар ҷомеи Басра рафт ва қиссагӯеро дид, ки ҳадисе ривоят мекард ва мегуфт: «Ҳаддасана-л-Аъмаш». Дар миёни ҳалқа шуд ва мӯи зери бозуро натф4 оғоз кард. Қиссахон гуфт: «Эй шайх, шарм надорӣ!» Гуфт: «Чаро, ман суннате ба ҷой меорам ва ту дурӯғе мегӯӣ». Аъмаш манам ва бо ту ҳеҷ ҳадисе ривоят накардаам». Ва Аҳмади Ҳанбал гуфт: «Дурӯғзатарини мардумон қиссагӯён ва соилонанд». Ва Алӣ - каррама-л-Лоҳ ваҷҳаҳ - қиссагӯёнро аз масҷиди Басра берун кард магар Ҳасани Басриро, ки сухани ӯ дар илми охират буд ва зикри марг ва танбеҳ дар айбҳои нафс ва офатҳои амвол ва хотирҳои дев ва ваҷҳи ҳазар аз он ва тазкири олоъ ва ниъмои Ҳаққ таъоло ва тақсири бандагон дар шукри ӯ ва таърифи [60] ҳақорати дунё ва айбҳои ӯ ва гузаштани [ӯ] ва қиллати аҳди ӯ ва хатари охират ва тарсҳои он. Ва ин тазкир сутудааст дар шаръ, ки дар он тарғиб омадааст. Ва дар ҳадисе, ки Бӯзар ривоят кард: «Ҳузуру маҷлиси илмин афзалу мин салоти алфи рақъатин; ва ҳузуру маҷлиси илмин афзалу мин иёдати алфи маризин; ва ҳузуру маҷлиси илмин афзалу мин шуҳуди алфи ҷанозатин. Қила ё Расулаллоҳ, ва мин қироати-л-Қуръон? Фақола: Ва ҳал янфаъу қироату-л-Қуръони илло би-л-илми». Ҳузури маҷлиси
1 Абуабдуллоҳ Замра ибни Рабиаи Рамлӣ, муфтии аҳли Шом ба рӯзгори худ. (Забидӣ).
2 Муҳаммад ибни Авни Хуросонӣ (Забидӣ).
3 Абубакр Муҳаммад ибни Сирин (33-110 ҳиҷрӣ), басрии тобей, ба вараъ ва хобгузорӣ шӯҳрат дошт. (Забидӣ).
4 Натф – кандани мӯ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо