Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
-
Нусхаи нави Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Эрон, ки дар соли 1972 (1351ҳ.ш.) харидорӣ гардида буд ва шомили як рубъ, яъне «Рубъи ибодот» мебошад.
-
Нусхаи нафис ва комили «Рубъи муҳликот», ки дар «Дору-л-кутуби-л-қавмия»-и Қоҳира маҳфуз аст.
-
Нусхаи нафис ва комили «Рубъи мунҷиёт», ки он низ дар «Дору-л-кутуб»-и Қоҳира мебошад.
Ин ду қисми охирини «Эҳёу улуми-д-дин», ки дар Қоҳира мебошанд дар асари Насрулло Мубашшири Таррозӣ «Феҳристу-л-маҳтутоти-л-форсияти» дохил гардидаанд.
-
Нусхаи Китобхонаи «Авқофи Ҳалаб» ё Китобхонаи «Аҳмадия»-и Эрон. Ин нусха дар «феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ», ки ҳамчунин таълифи Аҳмади Мунзавӣ муаррифӣ шудааст, иборат аз ду қисми аввали асар, яъне «Рубъи ибодот» ва «Рубъи одот» мебошад.
-
Нусхаи Китобхонаи мадрасаи «Файзия»-и Қуми Эрон. Ин нусха низ ду қисми аввали китобро дар бар гирифтааст ва аз ҷониби донишманди эронӣ Ризо Устодӣ феҳрист гардидааст.
-
Нусхаи Китобхонаи Марказии Донишгоҳи Теҳрон. Нусхаи мазкур иборат аз «Рубъи мунҷиёт» мебошад.
-
Нусхаи Китобхонаи Миллӣ (собиқ подшоҳӣ)-и Афғонистон дар Кобул. Ин нусха дар саҳифаи 15 феҳристи Буркуврӣ бо шумораи 2206 нишон дода шудааст.
Таърихи китобати нусхаи Кобул соли 1124ҳ. (1745м.) сабт гардидааст. -
Нусхаи Китобхонаи Донишгоҳи Сулаймонияи Ироқ. Ин нусха соли 928ҳ. (1522м.) китобат шудааст. Доир ба ин нусха ба шакли мухтасар мақолае аз ҷониби Фатҳӣ ал-Раиси Мисрӣ, дар маҷаллаи «Сухан»-и Эрон соли 1975 (1354 ҳ.ш.) таҳти шумораи 11 ва 12 нашр гардид.
Як нуктаро бояд зикр намуд, ки гарчанде Сайид Ҳусайн Ҳидевҷам тамоми нусхаҳои мавҷудаи хаттии форсии «Эҳёу улуми-д-дин»-ро ба даст овард, вале ба қавли худаш барои ӯ «чопи интиқодии дилхоҳ» аз ин китоб ба шакли илмие, ки назди мусахҳеҳони матнҳои кӯҳна ривоҷ шудааст, имконпазир намегардад. Аз ин рӯ, муҳаққиқ нусхаи Музейи Британияро дар чопи «Рубъи ибодот» асос қарор дода, илова бар нусхаи мухтасари Туркия аз чопҳои зиёди «Эҳёу улуми-д-дин», ки ба забони арабӣ нашр гардидаанд ва миқдори онҳо дар Миср, Эрон, Туркия ва Ҳиндустон то имрӯз бист чопро дар бар мегиранд (яъне чопи кӯҳнаи «Булоқ», чопи сангии Эрону Ҳиндустон ва ду чопи «Китобу-ш-шаъб ва-л мактабу-л-ҷария»-и Миср, инчунин шарҳи даҳҷилдаи Муртазо Забидӣ ба номи «Итҳофу-с-содоти-л-муттақин») интихоб намуда, аз онҳо барои такмили баъзе ҷойҳои афтодагӣ ва равшан сохтани мафҳумҳои шавқовар истифода менамояд. Баъд аз заҳматҳои зиёде матни интиқодии форсии «Эҳёу улуми-д-дин» пешкаши ҳаводорони осори Ғаззолӣ мегардад.
Дар кишвари мо Тоҷикистон низ нусхаҳои мухталифи ин асари бебаҳои Ғаззолӣ арзи вуҷуд доранд. Онҳо аз ҷониби ҳаводорони таълифоти мутафаккир, сарфи назар аз таъқиботи сохторҳои қудратии давлатии Шӯравӣ, идеологияи ифролгароёнаи «атеизми ҷанговар», ки ба муқобили фарҳанги миллӣ, арзишҳои он ва дини мубини ислом равона гардида буд, дар ғорҳову кӯҳдоманҳо зери санг намуда, намунаҳои онро то замони мо расонидаанд. Намунаи барҷастаи он нусхаи хати сангии китоби «Эҳёу улуми-д-дин» мебошад, ки беш аз шашсад сол қабл ба табъ расидааст ва он дар китобхонаи шахсии яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.
Китобе, ки хонандаи гиромӣ дар даст дорад дар асоси чопи танқидии муҳаққиқи эронӣ Саид Ҳусайн Хидевҷам ба хати сирилик баргардонда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё