Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Чи тавре ки зикр сохтем китоби «Эҳёу улуми-д-дин» яке аз бузургтарин, арҷмандтарин ва номдортарин асари имом Абуҳомид Ғаззолӣ маҳсуб мегардад. Ин китоб маҳсули таълиму тарбияи олимона ва тааммулоти суфиёнаи ин нобиғаи илм мебошад. Баъд аз он ки мутафаккир аз дарс додани донишҷӯён дар Низомияи Бағдод даст накашад вай рӯй ба хилвату гӯшанишинӣ меорад, вале аз илму таҳқиқ худро дур насохта, ба омӯхтани асарҳои мутафаккирони бузург бо нигоҳи дигаре шурӯъ мекунад. На танҳо худи ӯ, балки аҳли ҷомеаро низ ба кимиёи саодатбахши риёзат ва таҳзиби нафсу ахлоқ даъват менамояд.

«Эҳёу улуми-д-дин» дар муқоиса ба китобҳое, ки ба илми фиқҳ бахшида шудаанд аз ҷаҳор бахш иборат буда, ҳар бахши он иборат аз даҳ китоб ва ё даҳ боб мебошад ва дар маҷмӯъ чиҳил китобро ташкил медиҳанд. Худи Ғаззолиро, чуноне ки дар муқаддимаи китобаш меорад, ду сабаб ба тақсими китоб бар бахшҳои ҷаҳоргона тарғиб кардааст: Яке моҳияту муҳтавои масъалаҳои воридгардида дар он ва дуввум пайравӣ аз роҳи пешгирифтаи фақеҳон мебошад: «Матолиби ворида дар китоб мутааллиқ ба илми муомила аст на илми мукошифа (ки дар он фақат кашф, маълуму матлуб аст ва қобили зикр дар кутуб ва расоил нест) ва илми муомила ва ё дар боби аъмоли ҷавореҳ сухан мегӯяд (илми зоҳир), ё дар боби аҳвол ва аъмоли қулуб (илми ботин). Ва аъмоли ҷавореҳ бар ду қисманд: одот ва ибодот. Аҳволи қулуб низ бар ду қисманд: маҳмуд ва мазмум. Ва лизо китоби «Эҳёу улуми-д-дин» муштамил бар чаҳор бахши зайл аст: ибодот, одот, муҳликот ва мунҷиёт. Пайравӣ аз машйи фақеҳон низ дар рағбати толибони ошнову муштоқ ба фиқҳ меафзояд ва сурати китобро дар диди онон меорояд, гӯ ин ки басе нукот дар ин китоб ҳаст, ки «аксар золика миммо уҳмила фӣ фан-ни-л-фиқҳиёт».

Ғаззолӣ дар ин таълифоти худ чаҳор рубъи мазкурро ба даҳ «китоб» тақсим кардааст, ки дар маҷмӯъ чиҳил китобро ташкил медиҳад. Ҳар як рубъи ин таълиф аз қисмҳои махсусе иборат мебошанд, ки онҳоро Ғаззолӣ дар такя бар анбиё ва салаф илми «нофеъ» номидааст.

Ғаззолӣ меорад: «Ман дар «Рубъи ибодот», аз хифои (сир - А.Ш.) одобу дақоиқи сунан ва асрори маъонӣ олими омил бад-он мӯҳтоҷ бошад, бал касе, ки бар-он мутталеъ набувад аз уламои охират натавонад буд, биёрам. Ва аксари он аз муҳмалоти (фурӯгузоштаҳо - А.Ш.) фанни фиқҳ аст».

Рубъи ибодот аз китобҳои зерин иборат мебошад: Китоби илм, китоби қавоиди ақоид, китоби асрори таҳорат, китоби асрори намоз, китоби асрори закот, китоби асрори рӯза, китоби асрори ҳаҷ, китоби асрори фаҳму тиловати Қуръон, китоби азкор ва даъавот ва китоби тартиби аврод дар авқот.

Дар «Рубъи одот» бошад донишманд «асрори муомилоти халқ ва атвори он ва дақоиқи сунан ва хафоё (асрор)-и вараъ (порсоӣ), ки дар маҷори он бувад ва мутадаййин аз он мустағнӣ небошад», дохил намудааст, ки он шомили даҳ китоби зайл аст:

Китоби одоби нон хӯрдҳан, китоби одоби никоҳ, китоби одоби касб, китоби ҳалол ва ҳаром, китоби одоби сӯҳбат ва ишрат бо аснофи халқ, китоби узлат, китоби одоби сафар, китоби самоъ ва ваҷд, китоби амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар, китоби одоби маишат ва ахлоқи нубувват.

пешина
аз 567
навбатӣ