Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Табақабандии илмҳое, ки Ғаззолӣ даст ба он зада буд табақабандие ҳаст, ки хусусияти зоҳирӣ надошта, дар он тамоми паҳлуҳои илмҳои даврони мутафаккир мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Чуноне ки аз таърихи илми фалсафа маълум аст тақсимбандии илмҳо ба мақсади баррасии моҳияти онҳо ҳанӯз аз қарнҳои пеш аз мелод таваҷҷӯҳи олимонро ҷалб намуда буд. Табақабандии аввалини илмӣ ҳамон тақсимбандии маъруфе мебошад, ки ба мактаби фалсафии Арасту ва ҷонибдорони юнонии вай тааллуқ дорад. Мутобиқи он илмҳо ба ду қисми асосӣ, яъне назарӣ ва амалӣ ҷудо гардида, илмҳои назарӣ бар асоси тааллуқияти худ ба се қисми аслӣ - табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт тақсим шудаанд. Илмҳои амалӣ низ ба се қисм ҷудо гардидаанд: ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун.
Қобили тазаккур аст, ки табақабандии илмҳои назарӣ аз ҷониби худи Арасту, вале тақсимбандии илмҳои амалӣ пас аз гузашти вай, тавассути пайравонаш анҷом пазируфтааст.
Дар Шарқи мусулмон низ аз асри аввали ҳиҷрӣ ба тақсимбандии илмҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамуданд ва қабл аз ҳама дар аҳди ислом Яъқуб ибни Исҳоқи Кинδӣ ба ин масъала рӯй овард. Дар асрҳои баъдӣ бошад ҷонибдорони мактаби Арасту, Форобӣ дар асари хеш "Эҳсоу-л-улум" ва Ибни Сино дар "Ақсому-л-улуми-л-ақлия" онро баён кардаанд, ки боиси пешрафт ва рушду такомули фалсафаи машшоия гардидаанд.
Чӣ тавре ки маълум аст зарурияти ташаккули улуми муассири илоҳиётшиносӣ ба хотири дифоъ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ва пок нигоҳ доштани он аз олоишҳои машшоиён боиси таъсиси мактаби калом мегардад, ки он аввалин низоми илоҳиётшиносии ислом маҳсуб мешуд. Гарчанде ки пайравони мактаби калом, инчунин аҳли тасаввуф дар осори хеш ба Қуръону суннат ва тариқаи салафи солеҳ рӯй оварда, ба баррасии илмҳо ва шаклҳои он даст задаанд ва онҳоро асосу сарчашмаи аслӣ қарор додаанд, лекин ин ду фирқа натавонистанд аз таъсири тақсимбандии машшоимаобони шарқӣ озод шаванд. Сарфи назар аз ин дар такомулу пешрафти тақсими улум аз нигоҳи назарияи исломӣ, ташаккули мазҳабҳои фиқҳӣ ва ба расмият даромадани мазҳаби Ашъарӣ ва аҳли ҳадис нақши ҳалкунанда бозиданд, ки шаклҳои пешрафта ва такомулёфтаи ин таилми нофеъ шумурдаанд».
Барои ба мақсадҳои ниҳоии худ расидан Ғаззолӣ сараввал даст ба тафтиши (ревизияи) илмҳои даврони худ мезанад, ки ин яке аз аввалин тафтишоти илмҳо на танҳо дар таърихи фалсафаи ислом, балки дар таърихи фалсафаи ҷаҳон буд, ки аз ҷониби ин мутафаккири барҷаста анҷом пазируфт. Ба хотири дар чаҳорчӯбаи як механизми дуруст ва мантиқӣ анҷом додани мақсаду ҳадафҳо ва мароми хеш Ғаззолӣ қабл аз ҳама ба тақсимбандии илмҳои даврони худ даст мезанад, то аз нигоҳи интиқодӣ моҳияти аслии онҳоро равшан намояд ва зарур будан ва ё набудани ин илмҳо, инчунин олимони он замонро зикр созад. Дар ин ҷода Ғаззолӣ намунаи комиле аз мардоне аст, ки аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касе тарсу ҳарос надорад, чунки барои вай воқеияти зиндагӣ ва роҳи ҳаққ аз ҳама боло буда, рисолати дар пешаш қарор дошта ба ӯ водор месохт, то аз кори кардаи хеш дар ин ҷаҳон пушаймону талхком набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё