Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Табақабандии илмҳое, ки Ғаззолӣ даст ба он зада буд табақабандие ҳаст, ки хусусияти зоҳирӣ надошта, дар он тамоми паҳлуҳои илмҳои даврони мутафаккир мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Чуноне ки аз таърихи илми фалсафа маълум аст тақсимбандии илмҳо ба мақсади баррасии моҳияти онҳо ҳанӯз аз қарнҳои пеш аз мелод таваҷҷӯҳи олимонро ҷалб намуда буд. Табақабандии аввалини илмӣ ҳамон тақсимбандии маъруфе мебошад, ки ба мактаби фалсафии Арасту ва ҷонибдорони юнонии вай тааллуқ дорад. Мутобиқи он илмҳо ба ду қисми асосӣ, яъне назарӣ ва амалӣ ҷудо гардида, илмҳои назарӣ бар асоси тааллуқияти худ ба се қисми аслӣ - табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт тақсим шудаанд. Илмҳои амалӣ низ ба се қисм ҷудо гардидаанд: ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун.
Қобили тазаккур аст, ки табақабандии илмҳои назарӣ аз ҷониби худи Арасту, вале тақсимбандии илмҳои амалӣ пас аз гузашти вай, тавассути пайравонаш анҷом пазируфтааст.
Дар шарқи мусулмон низ аз асри аввали ҳиҷрӣ ба тақсимбандии илмҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамуданд ва қабл аз ҳама дар аҳди ислом Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ ба ин масъала рӯй овард2. Дар асрҳои баъдӣ бошад ҷонибдорони мактаби Арасту, Форобӣ дар асари хеш "Эҳсоу-л-улум" ва Ибни Сино дар "Ақсому-л-улуми-л-ақлия" онро баён кардаанд,3 ки боиси пешрафт ва рушду такомули фалсафаи машшоия гардидаанд.
Чӣ тавре ки маълум аст зарурияти ташаккули улуми муассири илоҳиётшиносӣ ба хотири дифоъ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ва пок нигоҳ доштани он аз олоишҳои машшоиён боиси таъсиси мактаби калом мегардад, ки он аввалин низоми илоҳиётшиносии ислом маҳсуб мешуд. Гарчанде ки пайравони мактаби калом, инчунин аҳли тасаввуф дар осори хеш ба Қуръону суннат ва тариқаи салафи солеҳ рӯй оварда, ба баррасии илмҳо ва шаклҳои он даст задаанд ва онҳоро асосу сарчашмаи аслӣ қарор додаанд, лекин ин ду фирқа натавонистанд аз таъсири тақсимбандии машшоимаобони шарқӣ озод шаванд. Сарфи назар аз ин дар такомулу пешрафти тақсими улум аз нигоҳи назарияи исломӣ, ташаккули мазҳабҳои фиқҳӣ ва ба расмият даромадани мазҳаби Ашъарӣ ва аҳли ҳадис нақши ҳалкунанда бозиданд, ки шаклҳои пешрафта ва такомулёфтаи ин табақабандӣ дар асрҳои панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ зуҳур намуданд. Намунаи барҷастаи ин тақсимбандӣ назарияи Ғаззолӣ мебошад, ки ба тариқи хеле равон дар нахустин китоби «Рубъи ибодот»-и «Эҳёи улуми-д-дин», ки «Китоби илм» ном дорад, инъикоси худро пайдо намудааст. Тақсимбандии илмҳо аз назари Ғаззолӣ ба тақсимбандии сӯфиён хеле шабоҳат дорад. Аз ин рӯ арзёбии Ғаззолӣ, қабл аз ҳама, дар такя бар мақсадҳои тарбиятӣ ба хотири тазкияи нафс ва сулук равона гардидааст. Дар ин тақсимбандии Ғаззолӣ назарияи маъмуле, ки дар фарҳанги исломӣ ҷой дошта буд ва мутобиқи он илм аз як тараф ба имон ва аз тарафи дигар ба амал пайваст дода мешуд, таъсири амиқе дошт. Ин пайвастагии устувори илм бо имону амал, ки ба хусус дар тасаввуф мавқеву манзалати хосса дорад ва осори онро метавон дар калимаҳои шайхони аҳли салаф дарёфт намуд, асоси назарияи ирфониро доир ба илмҳо ташкил медиҳад. Таҳлили интиқодии ақоиду гуфтаҳои Ғаззолӣ доир ба илм ва таълиму тааллум дар «Эҳёи улуми-д-дин» нишон медиҳад, ки поя ва мояи тақсимбандии илмҳо ба воситаи мутафаккир дар чаҳорчӯбаи мероси тасаввуфи исломӣ сурат гирифтааст, лекин Ғаззолӣ бо роҳу равиши хоссаи худ ва аз мавқеи диди хеш ба он даст задааст.
Дар табақбандии Ғаззолӣ илм аввалан ба «Фарзи айн» ва «Фарзи кифоят» тақсим шудааст ва онро мутафаккир дар боби дуввуми «Рубъи ибодот» овардааст. Ғаззолӣ дар қисмати «Дар баёне, ки фарзи айн аст» дар такя бар ҳадиси пайғамбари ислом «Талабу-л-илми фаризатун ало кулли муслимин» бо овардани мисолҳо аз мутакаллимон, фуқаҳо, муфассирон, муҳаддисон ва сӯфиён баҳсеро ба вуҷуд овардааст, ки кадом аз илмҳо барои мусулмонон фарз, кадоме фарзи айн ва кадоме фарзи кифоя аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё