Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Дар асоси хуб ва ё бад будани ин илм Ғаззолӣ онро низ ба зарурат ба ду қисм тақсим месозад: зоҳир ва ботин. Мутобиқи ин тақсимот илми зоҳир, ки «тааллуқ ба ҷавореҳ дорад» боз ба ду қисм - ибодат ва одат гурӯҳбандӣ мегардад. Илми ботин, ки «нисбати он ба аҳволи дил ва ахлоқи нафс аст, низ ду қисм аст: мазмум ва маҳмуд. Ва дар илми муомила назар аз ин чаҳор қисм берун нашавад».
Ба ҳамин тариқ мутобиқ ба гуфтаҳои Ғаззолӣ фақат илм ба амалҳо воҷиб мебошад, ки талабаш фарзи айн аст, ба ҷуз аз он ҳама фарзи кифоя мебошанд. Манбаи аслӣ ва сарчашмаи илмие, ки Ғаззолӣ дар ин қисмати асари хеш истифода намудааст китоби «Қуту-л-қулуб»-и Абутолиби Маккӣ (ваф.386ҳ./996м.) мебошад. Абутолиби Маккӣ доир ба ин масъалаҳо дар фасле аз асари худ роҷеъ ба ғояҳои уламо ва сӯфиёни гузашта дар ин боб изҳори ақида намудааст.
Ғаззолӣ бо истифодаи фаровон аз ин манбаи илмӣ дар фарқият аз Абутолиби Маккӣ тавонистааст онҳоро дар як боб дароварда, бо тафсил ва мутобиқ ба замони хеш баён созад. Лекин агар моҳияти назарияи Ғаззолиро доир ба илми воҷиб бо назарияи Абутолиби Маккӣ муқоиса кунем чунин дарёфт хоҳем намуд, ки дар асосу бунёд як чиз буда, бо усули панҷгонаи ислом - калимаи шаҳодат (шаҳодатайн), намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ такя намудааст. Ғаззолӣ шахсонеро донандаи фарзи айн мешуморад, ки «амали воҷиб ва вақти вуҷуби он бидонад, амалеро, ки фарзи айн аст, бидонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё