Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ғаззолӣ баъд аз таҳлили ҳамаҷониба ва муқоисаи гуфтаҳои ҷонибдорони макотиби зикршуда хулосабандӣ мекунад, ки «он чи аҷиб аст, ки муҳассил бад-он қатъ кунад ва дар он бе райбат (шакку тардид) бошад он аст, ки дар хутбаи ин боб гуфта шудааст, ки илм ду аст: илми муомила ва илми мукошифа. Ва мурод ба илми воҷиб илми муомила аст»1.
Аз ин гуфтаҳои Ғаззолӣ чунин бармеояд, ки ӯ илмро ба ду қисм, яъне илми «муомила» ва «мукошифа» тақсим намудааст ва ба қавли мутафаккир тамоми илмҳое, ки ба ақли инсонҳои маъмулӣ сару кор доранд, танҳо ба илми муомила дохил мешаванд. Илми мукошифа (ваҳй) марбут ба анбиё буда, «матлуб аз он кашфи маълум бошад фаҳасб» ва «овардани илми мукошифа дар кутуб рухсат нест, агарчи алои мақосиди толибон ва ашрафи матомеҳ (мақсад) назари сидиқон он аст ва илми муомила роҳи он илм аст; валекин анбиё, алайҳиму-с-салому ва-с-салом, бо халқ ҷуз дар баёни роҳ ва намудани он бад-эшон сухан нагуфтанд; ва дар илми мукошифа хавзе нафармудаанд (дохил нашудаанд), магар ба рамзу ишорат бар сабили тамсил ва иҷмол (мухтасар) бад-он чи донистанд, ки афҳоми халқ аз он қосир (кӯтоҳ) аст. Ва чун уламо вараса (ворисон)-и анбиёанд эшонро аз манҳаҷ (роҳи рост)-и мутобеат ва маслаки иқтидо удул (таҷовузу нофармонӣ) нарасад»2.
Илми муомила дар навбати худ, мувофиқи табақабандии Ғаззолӣ ба ду қисм ҷудо мешавад: илми зоҳир ва илми ботин. Илми зоҳир, ин илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст ё одат. Илми ботин бошад илмест, ки марбут ба амалҳои дил буда, «ба ҳукми нодидани ҳавос онро аз олами малакут аст» ва ин илм «ё сутуда бувад ё накӯҳида».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё