Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Одоби рӯҳониён риоят кунед ва ба ахлоқи сиддиқон тахаллуқ намоед, то аз дилҳои шумо илм зоҳир гардонам, то ба ҳадде, ки башарият шуморо мағлуб кунад ва пӯшида гардонад.

Ва Саҳли Тустурӣ гуфт: «Олимону обидон ва зоҳидон аз дунё ба охират рафтанд бо дилҳои ба қуфл ва кушода [121] нашуд, магар дилҳои сиддиқону шуҳадо». Пас ин оят бихонд: «Ва индаҳу мафотиҳу-л-ғайби»¹. Ва агар идроки соҳибдил ба нури ботин бар илми зоҳир ҳоким набудӣ, Пайғомбар нафармудӣ: «Истафти қалбака ва ин афтавка вафтавка»².

Ва Пайғомбар – ҳикоятан ани-л-Лоҳ – гуфтааст: «Ло язолу-л-абду ятақаррабу илаййа би-н-навофили ҳатто уҳиббуҳу, фаизо аҳбабтуҳу кунту лаҳу самъан ва басаран³ (ал-ҳадис)». Ва бисёр маъонии дақиқ аст аз асрори Қуръон, ки мутаҷарриди зикру фикрро дар дил афтад ва кутуби тафсир аз он холӣ бошад ва афозили муфассирон бехабар. Ва чун мурокибро мункашиф шавад ва бар муфассирон арза дорад, истеҳсон⁴ кунанд ва донанд, ки он аз танаббӯҳоти дилҳои пок аст ва алтофи Ҳаққ таъоло бар ҳимматҳое, ки рӯй бад-Ӯ дорад. Ва ҳамчунин дар илмҳои мукошафа ва асрори илмҳои муомала дакоиқи хавотири дилҳо, ки ҳар илме аз ин илмҳо дарёест, ки умқи он дарнатавон ёфт ва ҳар толибе ба миқдори он чи рӯзии вай аст ва бар ҳасби он чи тавфиқ ёфтааст аз ҳусни амал, дар он ҳавз кунад.

Ва дар сифати ин илмҳо Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – дар ҳадисе дароз гуфтааст: «Ал-қулубу авъиятун ва хайруҳо авъоҳо. Ва-н-носу салосатун: олимун раббониюн ва му-

__________________ ¹ Анъом, 6:59.
² Аз дили худ бипурс ва агар рухсат дод, амал кун.
³ Банда пайваста бо нофилаҳо ба ман наздик мешавад, то ӯро дӯст дорам ва чун дӯстдори ӯ шавам гӯшу чашми ӯ хоҳам буд.
⁴ Истеҳсон – писандидан, нек шумурдан.

пешина
аз 567
навбатӣ