Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кард, вайро аз тафсири он пурсиданд, гуфт: «Наздики ман ҷуз ривоят ин нест. Пас Ҳасан якон-якон ҳадисро баён кард, чунон ки аз ҳусни ҳифз ва тафсири ӯ тааҷҷуб наму- данд ва он саҳобӣ муште аз сангреза бардошт ва дар рӯи эшон андохт ва гуфт: «Ин олим миёни шумо ва шумо аз ман суол кунед?».

Ҳафтум он ки бештари ҳиммати ӯ масруф бошад ба илми ботин ва муроқабаи дил ва шинохтани роҳи охират ва сулуки он ва сидқи умед дар кашф шудани он аз муҷо- ҳада ва муроқаба. Чӣ муҷоҳада дар дақоиқи илм дилҳо ба мушоҳада расонад ва чашмаҳои ҳикмат аз дил равон гар- донад, аммо китобҳо ва таълим бад-он вафо накунад, бал ҳикмат берун аз ҳасру адд аст, кушода нашавад, магар ба мушоҳада ва муроқаба ва мубошарати корҳои зоҳиру бо- тин ва нишастан [бо] Худой дар хилват бо ҳузури дил ба фикрате софӣ ва ба Худой пайвастан ва аз ғайр буридан, чӣ калиди илҳом ва чашмаи кашф он аст.

Ва бисёр мутааллим аст, ки муддате дароз тааллум кунад ва аз он чӣ шунида бошад, ба калимае дарнатавонад гузашт. Ва бисёр кас бошад, ки дар тааллум бар муҳим иқтисор намояд ва ба амал ва муроқабати дил машғул ша- вад ва Худой — азза ва ҷалла — бар вай чизҳое кушода гар- донад аз латоифи ҳикмат, ки уқули арбоби албоб дар он ҳайрон шавад. Ва ба ҷиҳати ин Пайғамбар — алайҳи-с-са- лом — фармуд: «Ман амила бимо алима варрасаҳу-л-Лоҳу илма мо лам яълам»¹. Ва дар баъзе китобҳои мутақаддим омадааст, ки эй Банӣ Исроил, магӯед, ки «илм дар осмон аст, онро кӣ фурӯд оварад? Ё дар ҳадди замин аст, кӣ онро боло баркашад? Ё варои дарёҳост, кӣ онро абра фармояд?» Чӣ гавҳари илм дар кони дилҳои шумо ниҳода шудааст.

1 Касе, ки амал кунад ба он чӣ ки медонад, Худой ӯро илме ди- хад, ки надонистааст.

пешина
аз 567
навбатӣ