Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

уммолуҳу фи арзиҳи ва-д-дуъоту ило диниҳ. Сумма бақо ва қола: вошавқоҳу ило рӯъятиҳим».

Ай, дилҳо хазоини илмҳост ва беҳтарини он он аст, ки ҳофизтар аст. Ва мардумон се қисманд: олиме раббонӣ ва мутааллиме бар роҳи наҷот ва нокасони хармагасон, ки матобеи ҳар овоздиҳанда бошанд ва бо ҳар боде майл кунанд аз нури илм иқтибос накарда ва ба рукне устувор илтиҷо насохта.

Мутарҷим мегӯяд, ки раббонӣ олимеро гӯянд, ки бар илм амал кунад ва мутааллимонро биёмӯзад. Ва бар қавле дигар он ки илмҳое донад, ки аз дунё ба охират хонад. Ва бар қавле дигар он ки илми Илоҳӣ донад. Ва асли вай аз «рабб» аст ва рабб парварданро гӯянд; ай, илмро бипарварад ва ё нафси худро ба илм ва ё мутааллимонро ба таълим ва «алифу нун» барои муболағат афзудаанд, чунон ки дар «лихёнӣ» ва «ҷимонӣ» ва ин ваҷҳ муносиби қавли аввал аст. Ва бар ваҷҳе дигар мансуб аст ба Ҳаққ таъоло, чӣ Рабби мутлақ вайро гӯянд ва ин ваҷҳ муносиби қавли севвум аст. Ва баъзе гуфтаанд мансуб аст ба «раббон», ки «фаълон» аз «фаъала» бино кунанд. Ва баъзе гуфтаанд, ки сирёнӣ аст ва ин низ баид нест, чӣ дар сухани араб кам ёфта шавад. Ва мутааллими бар роҳи наҷот он бошад, ки мақсуди вай ризои Ҳаққ таъоло ва охират бувад. Ва ин сухан далел аст бар он ки наҷоти олиму мутааллим ва мубоя нати эшон қисми [севвум]-ро бад-ин сифат, ки ёд карда шуда ва зикри олиму мутааллим ба лафзи ваҷдон ва зикри қисми [севвум] ба лафзи ҷамъ муъшир аст ба андакии он ду фариқ [ва бисёрии фарики] севвум. То ин ҷо [123] сухани мутарҷим аст ва аз ин ҷо ба тарҷумаи алфози ҳадис руҷӯъ афтод.

Илм беҳ аз мол, чӣ илм нигоҳбони ту бошад ва мол

пешина
аз 567
навбатӣ