Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

туро нигоҳ бояд дошт. Ва илм аз инфоқ афзунӣ гирад ва мол камӣ пазирад.

Мутарҷим мегӯяд, ки афзунии илм аз инфоқ он аст, ки таълими мутааллимон дарҳои илм бар муаллим кушода кунад ва фаромӯш шударо ёд диҳад ва ба сабаби суолҳои эшон мутанаббеҳ шавад ба чизе, ки надониста бошад. Ва доияи берунӣ бо доияи дарунии ӯ зам гардад.

Дӯстии олим динбарзидане аст, ки самараи он дар ҳаёт тоат бошад ва пас аз вафот номи нек. Илм ҳоким аст ва мол маҳкум алайҳ аст. Манфиати мол ба заволи он зоил шавад ва ҳофизони мол дар ҳоли ҳаёт мурдагонанд, ай ба ҳаёти ҷисмонӣ агарчи зиндаанд, аммо аз ҳаёти рӯҳонӣ мурдаанд. Ва уламо ҳамеша боқианд, ай ҳаёти ҷисмонӣ ва дунёвӣ агарчи намонад, аммо ҳаёти уҳравӣ ва номи нек боқӣ бувад. Ва чун сухан бад-ин ҷо расид, даме сард бароварду гуфт: «Ҳоҳ! Ин ҷо илме бисёр аст, агар онро ҳамала ёбам, бал ду фариқ меёбам: яке зудфаҳми ноустувор, ки олати динро дар дунё кор бандад ва ба неъматҳои Ҳаққ таъоло бар авлиёи Ӯ гарданкашӣ кунад ва ба ҳоҷатҳои Ӯ бар халқи Ӯ истизҳор талабад. Дуввум мунқоди аҳли ҳақро, аммо бе басират, ки ба аввал шубҳате, ки пеш ояд шакке дар дили вай мункадеҳ шавад. Ҳар ду аз муроиёни дин наанд ва дар он ноқаву ҷамале ва тасарруфу амале надоранд. На ин некӯст ва на он. Ва берун аз ин ду фариқ ё ҳарисе аст бар лаззот, ки дар талаби шаҳавот нафсро мутлакулинон кардааст ва ё мувлаъ ба ҷамъи мол ва захира кардан, ки мунқоди ҳавои худ аст. Монандатар чизе бад-эшон чаҳорвоёнанд, ки дар чарогоҳ бошанд. Эй бор Худой, ҳамчунин илм нест шавад чун ҳамалаи он бимиранд, бал

1 Туро бояд – бар ту лозим аст.
2 Мункадеҳ – исми фоҷил аз инқидох (ҷарақа задан, зоҳир шудан).
3 Мувлаъ – озманду ҳарисгардонида ба чизе.

пешина
аз 567
навбатӣ