Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
қавли ӯ "ҳар он илме аст, ки дар қивом (асос)-и корҳои дунё аз он бениёз натвон буд, чун тиб, ки ӯ ба сабаби хоҷати бақои танҳо зарур аст. Ва ин илмҳое аст, ки агар шаҳре холӣ бошад аз касе, ки бад-он қиём намояд, ҷумла шаҳр дар ҳараҷ (сахтӣ) бошанд. Ва агар як кас бад-он қиём намояд кофӣ бошад ва фарз аз дигарон соқит шавад. Ва аз ин чӣ мегӯем, ки тибб ва ҳисоб аз фарзҳои кифоят аст тааҷҷуб набояд кард, ки усули пешаҳо (касбҳо) низ аз фарзҳои кифоят аст, чун кишоварзӣ ва чӯлоҳагӣ ва сиёсат, бал ҳиҷомат (хунгирӣ), чӣ агар дар шаҳре ҳиҷҷом (хунгир) набошад, ҳалок ба аҳли он шаҳр мусориат намояд; ва бад-он чӣ худро дар маърази ҳалок доранд ва эҳмоли ҳиҷомат, ҳамагон дар ҳараҷ бошанд. Чӣ он кас, ки дард фиристодааст, дору фиристодааст ва кор бастани он роҳ намуда ва асбоби таоти (ба даст гирифтан)-и он сохта. Пас ба эҳмол (ғафлатварзӣ)-и он асбоб таарру (мухолифат)-и ҳалок набояд кард".1
Ғаззолӣ ба гурӯҳи илмҳои мазмум (бад) илмҳои сеҳру ҷоду, тилисмот, шӯъбада, фиребгарӣ ва ба илмҳои мубоҳ (иҷозатдодашуда) таърих ва шеърро дохил намудааст.
Илмҳои шаръӣ, ба қавли Ғаззолӣ, донишҳое мебошанд, ки «аз анбиё, алайҳиму-с-салом, мустафод (гирифташуда - А.Ш.) аст ва чун ҳисоб ақл бад-он роҳ намояд ва чун тиб аз таҷруба маълум нагардад ва чун луғат аз шунидан ҳосил нашавад"2. Ба ибораи дигар аз нигоҳи Ғаззолӣ ва табақабандии вай илмҳои шариатӣ он гурӯҳ илмҳое мебошанд, ки ақлу таҷруба ба онҳо роҳ надоранд ва фақат дар мактаби пайғамбарони Худо омӯхта мешаванд ва тамоми онҳо ҳамдкардашуда ва
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 51-52.
2 Ҳамон ҷо. С. 50.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё