Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
шаръӣ наянд, валекин ба сабаби шаръӣ ҳавз (ба диққат машғул шудан) дар он лозим аст, ки шариат ба луғати араб омадааст. Ва ҳеҷ шариате зоҳир намешавад, магар ба луғате, пас омӯхтани он луғат дастафзор бувад"1. Ба ибораи дигар Қуръон ва суннати пайғамбари Худо танҳо тавассути луғат ва наҳв дарк карда мешаванд. Агарчи онҳо илми шаръӣ нестанд, вале донистанашон зарур аст. Ғаззолӣ онҳоро ба қисмати муқаддимот ба сабаби он дохил кардааст, ки дар аввал ҳар мусулмон бояд ин илмҳоро аз худ карда, ба моҳияти аслии оёти қуръонӣ ва ҳадисҳои пайғамбари ислом сарфаҳм раванд.
- Ба қисми чаҳоруми илмҳои хуби шаръӣ Ғаззолӣ илми мутаммимотро дохил намудааст. Мутаммимот (такмилдиҳандаҳо) - илми таҷвид (дуруст талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон), қи- роат, илми усули фиқҳ ва илми риҷол мебошад. Ин ил- ми шаръӣ ба қавли вай, ё дар Қуръон ва ё дар ҳадис мавқеи худро дарёфт намуда, он чизҳое, ки дар Қуръон мебошанд ба қисмҳо ҷудо шудаанд. Аввал, он чизҳое, ки ба лафз тааллуқ доранд, чун "улуми қироат ва маҳоричи хуруф". Дуввум, он чизҳое, ки ба маъно таал- луқ доранд, яъне тафсир. Севвум, чизҳое, ки ба аҳком тааллуқ доранд, чун шинохтани "носих ва мансух", "ом- му хос", "нассу (матн) зоҳир", ки ин илмро усули фиқҳ меноманд. Инчунин он чизҳое, ки дар ахбору осор ва номҳои бузургон, номҳои саҳоба ва манфиатҳои онҳо, илм ба адолати ровиён ва аҳволи онҳо омадааст.
Чӣ тавре ки таҳлилу баррасии илмҳои шаръӣ аз назари Ғаззолӣ нишон медиҳад, мутафаккир аз илми "Қиёс" дар қатори «Усул» ишора мекунад ва "осори са- ҳоба"- ро, ки маъмулан ҷузъе аз «суннат» ба ҳисоб ме-
1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Рубъи ибодот. Китоби илм. Боби 2. - С. 53.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё