Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
оммӣ бошад ба сабаби он чӣ илми ӯ ба зиёни маъсият қавитар аст. Ва бад-ин олими ҳақиқӣ мехоҳем, на асҳоби тайласон1 ва арбоби ҳазаён. Пас, агар тафовут аз ҷиҳати шаҳват бошад, онро ба тафовути ақл руҷӯе набувад ва агар аз ҷиҳати илм бошад, ин навъро аз илм ақл хонанд, чӣ ӯ муқаввии ғаризати ақл аст. Пас, тафовут дар чизе бошад, ки тасмия бад-ӯ роҷеъ шавад ва раво, ки ба муҷарради тафовут дар ғаризати ақл бошад, ки он ғаризат чун қавӣ бувад, қаҳри ӯ шаҳватро ҳаройина қавитар бошад.
Ва аммо қисми севвум ва он илмҳои таҷриба аст ва тафовути мардумонро дар ӯ мункир натавон шуд, ки эшон дар бисёрии исобат ва зудии дарёфт мутафовитанд. Ва сабаби он ё тафовути ғаризати ақл бошад, ки он ғаризат чун қавӣ бувад, қаҳри ӯ шаҳватро ҳаройина қавитар бошад.
Аммо аввал ва он асл аст, яъне ғаризат, тафовути онро инкор натавон кард ва он нурест, ки бар нафс мушриқ мешавад. Ва баромадани субҳ ва оғози ишроқи ӯ наздики синни тамайюз бошад. Ва ҳамеша дар намо2 бошад ва ба тадриҷ пӯшида намои ӯ зиёдат мешавад, то дар чиҳилсолагӣ ба камол расад. Ва мисоли ӯ рӯшноии субҳ аст, ки авоили ӯ чунон пӯшида бошад, ки дарёфти ӯ душвор бувад, пас ба тадриҷ зиёдат мешавад, то ба тулӯи курси хуршед камол пазирад.
Ва тафовути нури [басират, чун тафовути нури басар] аст. Ва фарқ миёни аъмаш3 ва миёни тезбасар зоҳир аст, бал ҷараёни суннати Борӣ таъоло дар кулли махлуқот ба тадриҷ [аст] дар эҷод, то ба ҳадде, ки ғаризати шаҳват дар кӯдакӣ наздики булӯғ ногаҳон ба як дафъат маркуз4 намешавад, бал андак-андак ба тадриҷ зоҳир мегардад ва ҳамаи
1 Тайласон – ридое бузург, ки хатибон бар дӯш андозанд.
2 Намо – (намоъ), болидан.
3 Аъмаш – он ки ба сабаби беморӣ об аз чашмаш ҷорӣ шавад.
4 Маркуз – барқарору устувор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор