Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

БАЁНИ ТАФОВУТИ
МАРДУМОН ДАР АҚЛ

Мардумон дар тафоvути ақл мухталифанд. Ва машғул шудан ба нақли сухани касе, ки таҳсили вай андак аст, ваҷҳ надорад, бал авло он аст, ки дар изҳори сареҳи ҳаққ мубодарат намоем. Ва ҳаққи сареҳ дар он он аст, ки дар ҳама ақсом тафоvутро мадхал аст, магар дар қисми дуввум ва он илми зарурист ба ҷавози ҷоизот ва истиҳолати мустаҳилот, ки ҳар кӣ донист, ки ду беш аз яке аст, бидонад, ки як шахс дар ду макон небошад ва як чиз ҳам қадим ва ҳам ҳодис набувад ва ҳамчунин дигар назоири ин. Ва ҳар кӣ инро дарёбад, дарёфтани ӯ муҳаққақ бошад бешакк. Ва дар се қисми дигар мутафовит бошанд.

Аммо қисми чаҳорум ва он истилои қувват аст бар қаҳри шаҳватҳо. Чи тафоvути мардумон дар он пӯшида нест, бал тафоvути аҳволи як шахс ҳам пӯшида нашавад. Ва ин тафоvут гоҳе ба тафоvути шаҳват бошад, чи оқил тарки баъзе шаҳватҳо тавонад ва тарки баъзе на, валекин бар ин мақсур¹ нест. Чи ҷавон аз тарки шаҳвати зино раво, ки оҷиз бошад ва чун пир шавад ва ақли ӯ [152] камол пазирад, бар тарки он қодир шавад ва шаҳвати риё ва риёсат дар пирӣ қавитар шавад, на заифтар. Ва гоҳе ба тафоvут [дар] илме бошад, ки муаррифи ғоилай шаҳват бувад. Ва барои ин табиб аз баъзе таомҳои зиёнкор иҳтимо² тавонад кард ва ғайри табиб, агарчи дар ақл мусовии ӯ бошад, раво ки натавонад, агарчи ба иҷмол дар он мазаррате донад, валекин чун илми табиб комилтар аст, тарси ӯ қавитар бошад ва тарс лашкаре шавад ақлро ва уддате дар камъу қаҳри шаҳват. Ва барои ин олим бар тарки маъсӣ қодиртар аз

¹ Мақсур – мунҳасир, маҳдуд.
² Иҳтимо – парҳез, эҳтиёт.

пешина
аз 567
навбатӣ