Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
қувватҳо ва сифатҳо ҳамчунин. Ва ҳар кӣ тафовути мардумон дар ин ғаризат инкор кунад аз рабақаи ақл берун бошад. Ва ҳар кӣ пиндорад, ки ақли Пайғомбар чун ақли оҳоди рустоиён ва аҷлофи¹ бадавиён аст, ӯ дар нафси хеш аз оҳоди рустоиён хасистар бувад. Ва тафовути ғаризатро чӣ гуна мункир тавон шуд? Ки агар на он будӣ, мардумон дар фаҳми илмҳо мухталиф нагаштандӣ ва мункасим нашудандӣ, то яке чунон палид бошад, ки ба тафҳими муаллим, пас аз он чӣ ранҷи бисёр бинад, фаҳм накунад ва яке чунон закӣ, ки ба андак рамзеву ишорате дарёбад ва яке чунон [153] комил, ки бе таълим аз нафси ӯ ҳақоиқи корҳо мунбаъис шавад: «Яқоду зайтуҳу юзиъу валав лам тамсасҳу норун»². Ва он масали анбиёст — алайҳиму-с-салоту ва-с-салом — ки ғавомизи корҳо бе тааллуму самоъ эшонро рӯшан шавад ва онро илҳом гӯянд. Ва аз масали он Пайғомбар иборат кардааст, ки «Инна Рӯҳа-л-кудуси нафаса фи равъӣ аҳбиб ман аҳбабта фаиннака муфорикуҳу ва иш мо шиъта фаиннака майитун ваъмал мо шиъта фианнака маҷзиюн биҳ». Ай, Рӯҳи кудус дар дили ман илқо кард, ки ҳар киро хоҳӣ дӯст дор, оқибат аз вай муфорақат хоҳад буд ва чандон, ки хоҳӣ бизӣ, охируламр марг аст ва ҳар чӣ хоҳӣ бикун, ки онро ҷазое хоҳад буд.
Ва ин намат аз таърифи малоика анбиёро³ мухолифи ваҳйи сареҳ аст, ки он шунидани овоз аст ба гӯш ва дидани фаришта ба чашм ва бад-ин сабаб инро «нафаса фӣ равъӣ» гуфт. Ва дараҷоти ваҳӣ бисёр аст ва хавзи он лоиқи илми муомалат нест, бал аз илми мукошафа аст. Ва гумон мабар, ки маърифати дараҷот ваҳӣ иқтизо кунад. Чӣ дур абошод, ки табиби бемор дараҷоти сиҳҳат бишиносад ва фосиқ дараҷоти адолат бидонад, агарчӣ аз он холӣ бошад. Чӣ илм
¹ Аҷлоф — (ҷамъи ҷилф), сабукмоягон, сабуксорон.
² Нур, 24:35.
³ Ин намат анбиёро — ин намати анбиё (аз таърифи малоика).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор