Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[ҲАЁТ ВА] ҚУДРАТ
Ва Ӯ зиндаи қодир ва ҷаббори қоҳир аст, кусуру аҷзро ба вай роҳ набусад ва хоби [156] сабуку гаронро бар вай гузар набвад ва маргу нестӣ дар муоразаи вай наёяд. Ва Ӯ Худованди мулку малакут ва иззату ҷабарут аст. Ва султону¹ қаҳр ва халқу амр Ӯрост. Ва осмонҳо мазбути [ямини] Ӯанд ва халоиқ мақҳури қабзаи Ӯ. Ва Ӯ ба халқу ихтироъ мутафаррид аст ва ба эҷоду ибдоъ мутавҳҳид. Халқро ва корҳои эшонро биёфаридааст ва рӯзиҳо ва аҷалҳои эшонро муқаддар гардонида. Аз қабзаи Ӯ ҳеҷ мақдур берун наёяд ва аз қудрати Ӯ тасорифи умур дур нашавад. Мақдуроти Ӯ номаҳсур аст ва маълумоти Ӯ номутаноҳӣ.
ИЛМ
Ва Ӯ олим аст ба ҳамаи маълумот ва муҳит аст бадон чи равад аз уло то ба саро. Мисқоли заррае дар осмону замин аз илми Ӯ ғоиб небошад, бал рафтори мури сиёҳ бар санги лашан дар шаби торик бидонад ва ҳаракати заррае дар ҷавви ҳаво идрок кунад ва ҳадиси нафс ва он чи пӯшидатар аз он бошад, бидонад ва бар ҳавоҷиси замоир ва ҳаракати хавотир ва хафийёти сароир мутталеъ аст ба илме қадими азалӣ, ки дар азалу-л-озол бад-он мавсуф будааст, на ба илме мутаҷаддид, ки дар зоти вай ба ҳулул ва интиқол ҳосил ояд.
ИРОДАТ
Ва Ӯ муриди коинот ва мудаббири ҳодисот аст. Ва дар мулку малакут андаку бисёр, хурду бузург, некиву бадӣ ва суду зиён ва куфру имон ва нукру ирфон ва фавзу хусрон ва зиёдату нуқсон ва тоату исён наравад, магар ба қазову қадар ва ҳукму машияти Ӯ. Ва он чӣ хост, буд ва он чӣ нахост, набуд. Аз машияти Ӯ нигаристани чашме ва андешидани хотире берун нашавад, бал офаринанда ба ибтидо ва иодат ва кунанда бар муқтазии иродат Ӯст. Ва ҳукми Ӯро бозгардондаие ва қазои Ӯро фасхкунандае не. Ва ҳеҷ бандаро аз маъсияти Ӯ гурезҷое нест магар ба тавфиқу раҳмати Ӯ. Ва бар тоати Ӯ қуввате [не], магар ба маҳаббату иродати Ӯ. Агар одамиён ва париён ва фариштагон ва девон ҷамъ шаванд, бар он ки зарраеро дар олам беиродат ва машияти Ӯ бичунбонанд ва ё сокин гардонанд, натавонанд. Ва иродати Ӯ ба зоти Ӯ қоим аст бо ҷумлаи сифоти Ӯ, ҳамеша ҳамчунин бад-он мавсуф будааст. Ва дар азал вуҷуди чизҳоро дар вақтҳое, ки муқаддар гардонидааст, хоста. Пас чунон ки хост дар вақтҳои он мавҷуд гашт, бе тақаддум ва тааххур ва бар вифқи илму иродати Ӯ воқеъ шуд. Табаддул ва тағайюри корҳоро бе андешае ва интизори замоне тадбир фармуд ва ба сабаби он вайро коре дигар машғул нагардонид.
¹ Султон — салтанат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор