Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
САМЪУ БАСАР
Ва Ӯ шунавову биност. Бишнавад ва бубинад ва ҳеҷ шуниданӣ аз самъи Вай дур намонад, агарчӣ ниҳон бошад ва ҳеҷ диданӣ аз биноии Вай ғоиб нашавад ва агарчӣ дақиқ бувад. Дурӣ шунидани Вайро ҳиҷоб накунад ва торикӣ [157] дидани Вайро монеъ наёяд. Дидани Вай бе чашмхона ва пилакҳост ва шунидани Вай бе манофиз ва гӯшҳо, чунон ки донистани Вай бе дил ва гирифтани Вай бе ҷориҳа ва офаридани Вай бе олат. Чӣ сифоти Ӯ сифоти халкро намонад, чунон ки зоти Ӯ зоти халкро намонад.
КАЛОМ
Ва Ӯ мутакаллим [аст] ва фармояндаву боздоранда, ва ваъдадиҳандаву бимкунанда, ба каломи азалии қадими қоим ба зоти Вай, ки сухани халқро намонад. На ба савте, ки аз барҳам кӯфтани ҷирмҳо ва берун омадани ҳаво аз миёни он ҳосил гардад, ва на ба ҳарфе, ки аз пеш гирифтани лаб ва ҷунбонидани забон мутаваллид шавад. Ва Қуръон ва Таврот ва Инҷил ва Забур китобҳои Ӯст, ки бар пайғомбарони худ фурӯ фиристодааст. Ва Қуръон ба забонҳо мақрӯъ аст ва дар мусҳафҳо мактуб ва дар дилҳо маҳфуз ва маа золик қадим аст ва қоим ба зоти Вай. Ва ба ҷудо шудан ва нақл кардан аз Вай ба дилҳо ва варақҳо наёмадааст. Ва Мӯсо - алайҳи-с-салом - сухани Вай бе ҳарфу бе савт бишунид, чунон ки некӯкорон зоти Ӯро бе ҷавҳар ва араз бубинанд. Ва чун Вайро ин сифот ҳаст, ҳай, олим, қодир, мурид, самеъ, басир, мутакаллим ба ҳаёт ва илм ва қудрат ва самъ ва басар ва калом бошад, на ба муҷарради зот.
АФЪОЛ
Ва ҳеҷ мавҷуде ҷуз Ӯ нест, ки на ба феъли Ӯ ҳодис шудааст ва аз адли Ӯ фоиз гашта бар некӯтарин ва комилтарин ва тамомитарин ва мӯътадилтарин ваҷҳе. Ва Ӯ дар феълҳои худ ҳаким аст ва дар ҳукмҳои худ одил. Адли Ӯро ба адли бандагон қиёс натавон кард, чи зулм аз бандагон мутасаввир аст бад-он чи дар мулки ғайре тасарруф кунанд ва аз Борӣ таъоло мутасаввир нест, бад-он чи ғайри Ӯро мулке нест, то тасарруфи Ӯ дар он зулм шавад. Ва ҳар чӣ ҷуз Ӯст аз париву одамӣ ва деву фаришта ва осмону замин ва ҳайвону набот ва ҷавҳару араз ва мудраку маҳсус, ҳодис аст. Ба қудрати худ онро - баъдуладам - ихтироъ кардааст ва пас аз он чи чизе набуд, онро иншо фармуда. Чи Ӯ дар азал танҳо мавҷуд буд ва ҷуз Ӯ бо Вай на. Ва халқро пас аз он эҳдос фармуд аз барои изҳори қудрати худ ва таҳқиқи он чи аз иродати Ӯ собиқ шуда буд ва аз калимаи Ӯ дар азал мутаҳаққиқ гашта, на аз барои ифтиқоре1 ва ҳоҷате бад-он. Ва халқу ихтироъ ва таклиф аз рӯи тафаззул фармудааст, на аз роҳи вуҷуб ва инъому ислоҳ аз рӯи татаввул воҷиб доштааст, на бар сабили лузум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор