Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас, фазлу эҳсон ва неъмату имтинон ҷуз Ӯро нест. Чӣ қодир бувад [бар он чи] анвои уқубат бар бандагон гуморад ва ба фунуни дардҳо ва ранҷҳо эшонро мубтало гардонад. Ва агар бикардӣ, адл будӣ, на қабеҳу зулм. Ва савоби бандагон бар тоатҳо ба ҳукми караму инҷози3 ваъда мабзул фармояд, на ба ҳукми истеҳқок [158] ва лузум. Чӣ бар Вай ҳеҷ феъле воҷиб нест ва зулм аз Ӯ мутасаввир не ва ҳеҷ касро бар Вай ҳаққе воҷиб нест. Ва ҳаққи Ӯ бар бандагон дар тоатҳо ба эҷоби Ӯст бар забони пайғомбарони Ӯ, на ба муҷарради ақл. Валекин, пайғомбарон баъс кард ва сидқи эшон ба мӯъҷизот зоҳир гардонид ва эшон амру наҳӣ ва ваъду ваиди Ӯ бирасониданд ва бар халқ тасдиқи эшон дар он чи оварда буданд, воҷиб гашт.

МАЪНИИ КАЛИМАИ ДУВВУМ

Ва он шаҳодати Расул аст. Ва Ӯ Пайғомбари уммии қурашӣ Муҳаммадро ба рисолат фиристод ба ҳамаи арабу аҷам ва одамиёну париён ва ба шариати Ӯ шароеъро мансух гардонид, то фазли Ӯ бар дигар пайғомбарон муқаррар кунад ва ӯро саййиди башар гардонид. Ва камоли имонро ба шаҳодати тавҳид, ки он гуфтани «Ло илоҳа илла-л-Лоҳ» аст, мавқуф дошт, то шаҳодати Расул ва он гуфтани «Муҳаммадун расулуллоҳ» аст, бад-он пайвандад. Ва ҳамаи халқро илзом фармуд, то дар кулли он чи ахбор кардааст аз дунёву охират вайро тасдиқ кунад.

1 Ифтиқор - ниёзмандӣ.
2 Татаввул - бахшандагӣ.
3 Инҷози – вафо кардани ваъда, баровардани ҳоҷат.

пешина
аз 567
навбатӣ