Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва имони бандаро қабул нафармояд, то он гоҳ ки бигаравад бад-он чи ихбор кардааст1, пас аз марг. Ва аввали он суоли Мункару Накир аст. Ва он ду шахси муҳиби ҳоиланд, ки бандаро дар гӯр рости тамом бо ҷону тан бинишнонанд ва аз тавҳиду рисолат бипурсанд ва гӯянд: «Худованд ва Парвардигори ту кист? Ва дини ту чист? Ва Пайғомбари ту кӣ буд?» Ва пурсидани эшон аввал фитнае аст, ки пас аз марг бошад. Ва бигаравад ба азоби гӯр ва он ҳаққу адлу ҳикмат аст, ҳам бар ҷон ва ҳам бар тан дар ҳаққи он кас, ки Худой хоҳад.
Ва бигаравад ба тарозу бо ду паллаву забона ва сифати Ӯ дар бузургӣ чун табақаҳои осмону замин аст, аъмол ба қудрати Худойӣ – азза ва ҷалла – дар он сохта шавад ва сангҳои он ба вазни хардалу зарра бошад, то камоли адл муҳаққақ гардад. Ва саҳоифи ҳасанотро дар сурате хуб дар каффаи нур ниҳанд ва бар андозаи дараҷоти он дар ҳазрати Ҳаққ таъоло, ба фазли вай дар тарозу сақле зоҳир шавад ва саҳоифи сайиотро дар каффаи торике андозанд ва ба адли Худой дар тарозу бад-он ҳиффате пайдо ояд.
Ва бигаравад бад-он ки сирот ҳаққ аст ва он пулест бар матни дӯзах баста, тезтар аз шамшер ва бориктор аз мӯй. Қадами кофирон ба ҳукми Худой – азза ва ҷалла – аз он билағзад ва дар оташ афтанд ва қадами мӯъминон ба ҳукми Ҳаққ таъоло бар он устувор бошад ва ба биҳишт расанд.
Ва бигаравад ба ҳавзи Мавруд, ҳавзи Муҳаммад – алайҳи-с-салом – ки машраби мӯъминон пас аз гузаштани сирот ва пеш аз расидани биҳишт аз он бошад ва ҳар кӣ шарбате аз он чашид, ҳаргиз пас аз он ташна нашавад, арзи ӯ масофати якмоҳа роҳ бошад, сапедтар аз шир ва ширинтар аз ангубин ва ибриқҳои он ба адади ситорагони осмон ва ду нойҷа2 [159] аз Кавсар дар вай равон.
1 Пайғомбар хабар дода.
2 Нойҷа – мизоб, оброҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор