Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
мутафаккир даст ба таҳлили зуҳури шуғлҳо ва касбҳои инсонӣ зада, дар қисмати «замми дунё»-и (маломату сарзаниши дунё) асари хеш ҳоҷатҳову зарурати одам- ро ба се қисм ҷудо месозад: а) хӯрок; б) либос; в) хона. Дар робита ба ин усули пешаҳо ва ҳунарҳоро барои таъмини заруратҳои вай ба панҷ ҷудо менамояд.
Дар қисмати дигаре аз китоби «Эҳёи улуми-д-дин», ки бо номи «Китоби муроқиба ва муҳосиба» аз рубъи «Мунҷиёт» ёд мешавад, мутафаккир баҳсеро дар боби таърифи ин илм чунин меорад: «Фиқҳ ҳам ба охи- рат тааллуқ дорад, валекин на ба нафси худ бал ба во- ситаи дунё» ва «ҳосили фанни фиқҳ шинохтани тариқи сиёсат ва ҳаросат аст». Дар амри ибодот бошад кори фақеҳ танҳо роҳ намудан ва фатво додан аст. Ғаззолӣ фақеҳонро аз «сифоти дил ва аҳкоми охират» дур шу- морида, хориҷ аз ҳавзаи онҳо медонад ва ба қавли ӯ «чунон аст, ки дар тиб ва наҳву ҳисоб сухан гӯяд»1.
Дар ҳамин қисмати асари худ мутафаккир дилро ба Худо бастан ва аз фикри тааллуқоти дунё дур бу- данро тарғиб намуда, толибон ва соликонро аз олимо- ни дунёпараст бар ҳазар дошта, зикр месозад, ки «дар ин рӯзгор ҳеҷ кас ба шинохтани офоти аъмол иқбол на- мекунад. Ҳамаи мардум ин улумро маҳҷур ниҳодаанд ва рафтаанд, то дар хусуматҳое, ки зодаи шаҳвот аст доварӣ кунанд ва мегӯяд фиқҳ ҳамин аст ва илм ба офотро, ки фиқҳи ҳақиқии динӣ аст аз зумраи улум бе- рун кардаанд ва яксара ба фиқҳи дунё машғул шуда- анд. Дар ҳоле, ки фиқҳи дунё агар ҳусне дорад ин аст, ки дилро аз аносири бегона ва ғафлатовар бипирояд, то ба фиқҳи дин бипардозад ва фиқҳи дунё ба воситаи ин фиқҳи дигар аст, ки дар зумраи улуми динӣ маҳсуб ме-
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 54-80.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё