Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аввалин китоб аз аввалин рубъи «Эҳёу улуми-д-дин» аст «Дар баёни аксом ва аҳкоми улуми маҳмуда ва мазмума ва баёни улуме, ки омӯхтанашон воҷиби айнӣ ва воҷиби кифой аст ва баёни ин ки дар миёни улуми динӣ, фиқҳ ва калом чӣ манзалате доранд ва бартарӣ ниҳодани илми охират бар онҳо»1 бахшида шудааст.

Худи ҳамин унвон аз он гувоҳии равшан медиҳад, ки Ғаззолӣ дар ин боби китоб чӣ мақсаде дорад ва кадом роҳро барои ба он мақсад расидан пешаи худ қарор додааст. Вай дар ин бахш, чуноне ки қаблан зикр намудем, илмҳоро ба ду даста, яъне «маҳмуд» ва «мазмум» ва аз миёни онҳо ба «воҷиби айнӣ» ва «кифой» тақсим мекунад. Ба андешаи вай ҳамин, ки навравоне ба балоғат расад бояд донад, ки ба чӣ эътиқод варзад ва аз чӣ амале парҳезд ва чӣ кореро анҷом диҳад. Мутафаккир донистан ва фаҳму тасдиқи калимаи шаҳодат, аҳкоми таҳорат, вузӯ, намоз, зарари дурӯғ ва ғайраҳо дар асоси рушду камолоти тадриҷии ҷавони ноболиғ ва ҳукми шароитҳои зиндагии вай, ба ӯ «воҷиби айнӣ» ва «кифой» медонад. Ба ҳамин шакл донистани матлабҳои зиёдеро аз рукнҳои исломӣ, ки дар «Рубъи муҳликот»-и «Эҳёу улуми-д-дин» омадаанд ҷузъи «воҷиботи айнӣ» шуморидааст. Ҳамин аст, ки чи тавре дар боло дидем, ба мақсади маълум сохтани илмҳое, ки омӯхтани онҳо «воҷиби кифой» аст ва онҳо кадомҳоянд илмҳоро ба ду даста — шариатӣ ва ғайришариатӣ тақсим месозад.

Қобил ба зикр аст, ки Ғаззолӣ аввалин маротиба дар «Эҳёу улуми-д-дин» фиқҳро илми дунявӣ мехонад ва фақеҳонро дар миёни «уламои дунявӣ» мешинонад. Вай дар мавқеи дигари мувофиқ низ ин нуктаро борҳо таъкид сохтааст. Ба хусус барои исботи ин фикри худ

1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Рубъи ибодот. — С. 50.

пешина
аз 567
навбатӣ