Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва бигаравад ба ҳисоб. Ва мардумон дар он мутафовит бошанд ва мункасим шаванд. Бо ҷамоате муноқашат ва музояқат равад ва бо тоифае мусомаҳат ва мусоҳалат дар миён ояд ва фарикеро бе ҳисоб ба биҳишт баранд ва эшон муқаррабон бошанд. Ва ба ҳукми машият анбиёро аз таблиғи рисолат бипурсанд ва кофиронро такзиб аз пайғомбарон ва мубтадионро аз суннат ва мусулмононро аз аъмол.
Ва бигаравад бад-он чӣ мӯъминонро пас аз интиқом аз оташ берун оранд, то ба фазли Худой — азза ва ҷалла — ҳеҷ муваҳҳиде дар оташ намонад.
Ва бигаравад ба шафоати анбиё, пас уламо, пас шуҳадо, пас дигар мӯъминон, ҳар кас бар андозаи ҷоҳу манзалати худ. Ва он ки аз мӯъминон бимонад ва ӯро шафиъе набошад, ба фазли Худой вайро берун оранд. Ва ҳеҷ мӯъмин ҷовид дар оташ намонад, бал ҳар кӣ дар дили вай заррае имон бошад, аз оташ берун ояд.
Ва эътиқод кунад, ки саҳоба афзали халқ будаанд. Ва афзали мардумон пас аз Пайғомбар — алайҳи-с-салом — Абубакр буд, пас Умар, пас Усмон, пас Алӣ — разия-л-Лоҳу анҳум аҷмаин. Ва дар ҳама саҳоба некӯгумон бошад. Ва эшонро сано гӯяд, чунон ки Худой — азза ва ҷалла — ва Пайғомбари вай гуфтааст.
Ва кулли ин чӣ гуфтем, ахбор бад-он ворид аст ва осор бар он шоҳид. Ва ҳар кӣ онро эътиқод кунад ва дар сиҳҳати он мутаяққин бошад, аз аҳли ҳаққ ва асҳоби суннат бувад ва муфорики ашёъ1 залолат ва аҳзоби бидъат. Ва аз Ҳаққ таъоло барои худ ва коффаи мусулмонон [камоли] яқин ва собит будан бар дин мехоҳем, ки Ӯ арҳаму-р-роҳимин аст.
1 Ашёъ — пайравон, ёрон, ҷамъи шиа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор