Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[харк]-и иҷмоъ. Ва бар ихтирои он ҳеҷ кас далерӣ накунад магар равофиз. Ва эътиқоди аҳли суннат тазкияти ҳамаи саҳоба аст ва санои эшон, чунон ки Худой ва Пайғомбари вай бар эшон сано гуфтаанд. Ва он чи миёни Муовия ва Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳумо – рафт, бинои он бар иҷтиҳод буд, чи Алӣ гумон бурд, ки супурдани кушандагони Усмон, бо он чи қаробатони эшон бисёранд ва бо лашкар даромехта, дар аввали имомат сабаби ташвиш ва изтироб бошад ва таъхир савобтар дид. Ва Муовия пиндошт, ки таъхири кори эшон бо бузургии ҷиноят мӯҷиби иғро1 шавад бар аимма ва хунҳо дар маърази рехтан ояд. Ва афозили уламо гуфтаанд, ки ҳамаи муҷтаҳидон мусибанд. Ва ҷамоате гуфтаанд, ки мусиб яке бошад ва ҳеҷ муҳассиле2 Алиро [179] – разия-л-Лоҳу анҳу – тахтиа3 накардааст.
Асли ҳаштум
Он ки фазли саҳоба бар тартиби хилофати эшон аст, чи фазли ҳақиқӣ он аст, ки наздики Худой бувад. Ва ҳеҷ кас бар он мутталеъ набошад магар Пайғомбар. Ва дар санои эшон ахбор ворид шудааст. Ва дақоиқи фазл ва тартиби он дарнаёбанд, магар мушоҳидони ваҳй ва танзил. Ва агар бар ин ҷумла фаҳм накарда будандӣ, бар ин ҷумла мураткаб нагардонидандӣ. Чи эшонро дар корҳои илоҳӣ маломат домангир нашудӣ ва аз ҳаққ ҳеҷ чиз монеъ нагаштӣ.
Асли нӯҳум
Он ки дар шароити имомат пас аз ислом ва таклиф панҷ аст: зукурат ва вараъ ва илм ва кифоят ва насаби Қурайш, чи Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «ал-Аим-
1 Иғро - шӯриш, густохӣ.
2 Муҳассил - соҳибназар дар илм (Шарҳи Забидӣ).
3 Тахтиа - хато бар касе гирифтан, ба хато нисбат додан, хато гирифтан аз кори касе. (Фарҳанги форсии Амид).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор