Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мату мин Қурайшин». Ва чун тоифае аз муттасифон бад-ин сифот ҷамъ шаванд, имом он бувад, ки бештари халқ бо вай байъат кунанд. Ва он ки бештарро мухолафат кунад, бағӣ бошад. Воҷиб бувад, ки вайро ба ҳаққ бозоранд.

Асли дахум Он ки агар вуҷуди вараъ ва илм дар имом мутааззир бошад ва дар сарфи он1 исорати фитнае бувад, ки таҳаммули он имкон надорад, ба инъиқоди имомат2 ҳукм кунем, зеро ки агар ҳукм накунем, аз ду берун набувад:
Иммо ба истибдол3 машғул шавем ва дар зимни он ноирае иштиол пазирад, ки зарари он мусулмононро беш аз он бувад, ки зарари нуқсон дар шартҳое, ки ба ҷиҳати мазияти масолеҳ исбот афтодааст. Ва ҳар кӣ асли маслаҳатро ботил гардонад дар талаби фурӯи он, ҳамчун касе бошад, ки шаҳреро хароб кунад, то хонае маъмур гардонад.
Ва иммо ҳукм кунем, ки шаҳрҳо аз имом холӣ аст ва ҳукмҳо ботил ва ин муҳол аст. Чи мо ҳукмҳои боғиёнро, ки дар мавозеи хеш мекунанд, ба танфиз мерасонем ба сабаби он ки ҳоҷат мосса аст. Пас, чӣ гуна ба сиҳҳати имомат аз барои ҳоҷат ва зарурат ҳукм накунем?
Ва ин чаҳор рукн, ки бар чиҳил асл муштамил аст, қавоиди ақоид аст. Ва ҳар кӣ онро эътиқод кунад, мувофиқи асҳоби суннат бошад ва мухолифи аҳли бидъат. Ва Борӣ таъоло моро тавфиқи садод4 рӯзӣ гардонад ва таҳқиқи ҳаққ арзонӣ дорад ба миннати шомили вуҷуди комили Худ. Омин!

1 Сарфи он - рӯгардонидани мутасаддии имомат аз имомат.
2 Инъиқоди имомати ғайри мутаварреъ ва ғайри олим.
3 Истибдол - бадал гирифтан.
4 Садод - истиқомат, бар роҳи рост будан.

пешина
аз 567
навбатӣ