Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

берун овардан аст аз оташ ва манъи тақлид, чӣ Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфтааст: «Яхруҷу мина-н-нори ман кана фи қалбиҳӣ мисқолу зарратин минал-имон». Ва ихтилоф кардаанд дар он чӣ ин ҳукм бар чӣ мураттаб шавад. Ва иборат аз он он аст, ки имон чӣ чиз аст? Баъзе мегӯянд муҷарради эътиқод аст ва баъзе мегӯянд эътиқоди дил ва шаҳодати забон аст ва баъзе севвум зиёдат мекунанд ва он амали аркон аст.

Ва мо ҳақиқати он кашф кунем ва парда бардорем ва гӯем: Ҳар кӣ ҷомеи ин ҳар се бошад, дар он хилоф нест, ки ҷои ӯ биҳишт бувад ва ин як дараҷа аст.

Ва дараҷаи дуввум он ки эътиқод ва шаҳодати [дилу забон бошад] ва баъзе аз аъмол ба ҷой орад. Ва агар кабирае ё баъзе кабоир иртикоб намояд, дар ин мақом мӯътазила мегӯянд, ки аз имон берун ояд ва дар куфр дохил нашавад, бал номи ӯ фосиқ бошад ва ин манзалати байна-л-манзалатайн аст ва ҷовид дар оташ бошад. Ва ин ботил аст, чунон ки ёд хоҳем кард.

Ва дараҷаи севвум он ки тасдиқ ва шаҳодати [дилу забон] бибошад ва амали ҷавореҳ на ва дар он ҳукм ихтилоф кардаанд. Бӯтолиби Маккӣ гуфтааст: «Амал аз имон аст ва бе ӯ тамом набушод». Ва дар ин масъала даъвии иҷмоъ кардааст ва далелҳое оварда, ки мушъир аст ба нақизи гарази ӯ, чун қавли Ҳаққ таъоло: «Ва-л-лазина оману ва амилу-с-солиҳоти». Чӣ ин далел аст бар он ки амал варои имон аст ва илло зикри амал мукаррар будӣ. Ва аҷаб он ки дар ин масъала даъвии иҷмоъ кардааст ва маъо золик ривоят оварда, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Ло якфуру ахадун [илло] биҷуҳудин мо ақарра биҳи». Ай, ҳеҷ кас кофир нашавад магар ба инкори он чӣ бад-он иқрор кардааст. Ва бар мӯътазила инкор мекунад, ки соҳиби кабираро ҷовид дар оташ мегӯянд. Чӣ ҳар кӣ ин гӯяд, ки ӯ гуфтааст, айни мазҳаби эътизол гуфта бошад, чӣ вайро гӯянд,

пешина
аз 567
навбатӣ