Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки «касе, ки ба дил тасдиқ оварад ва ба забон гувоҳӣ дод ва дар ҳол вафот кард, ӯ дар биҳишт бошад?», бар ин қазият ҳаройина бигӯяд, ки «бошад». Ва дар ин сухан ҳукм аст ба вуҷуди имони беамал.
Пас, бад-ин зиёдат [201] кунем ва гӯем, ки агар зинда бимонад, то вақти намоз дарояд ва ӯ намозро тарк кунад, пас бимирад, ҷовид дар оташ бошад ё на? Агар гӯяд бошад, мазҳаби мӯътазила ҳамин аст ва агар гӯяд набошад, сареҳ гуфта бувад, ки амал дар нафси имон рукн нест ва шарт нест, на дар вуҷуди ӯ ва на дар истеҳқоқи биҳишт бад-ӯ. Ва агар гӯяд бад-ин он мехоҳам, ки муддате дароз бақо ёбад ва намоз нагузорад ва аъмоли шаръӣ ба ҷой наёрад, пас забти он муддат чист? Ва тоатҳое, ки ба тарки он ва кабираҳое, ки ба иртикоби он имон ботил шавад, адади он чанд аст? Ва таҳаккум ба тақдири он имкон надорад ва мазҳаби ҳеҷ кас нест.
Дараҷаи чаҳорум он ки ба дил тасдиқ кунад ва пеш аз он ки ба забон бигӯяд ё ба амал машғул шавад, вафот кунад, гӯем, ки - байнаҳу ва байна-л-Лоҳ - мӯъмин мурда бошад ё на? Ва дар ин ихтилоф кардаанд ва ҳар кӣ дар тамоми имон қавл шарт кардааст¹ гӯяд, ки ӯ пеш аз имон мурдааст ва ин фосид аст. Чӣ Пайғомбар - алайҳи-с-салоту ва-с-салом - гуфтааст: «Яхруҷу мина-н-нори ман кона фӣ қалбиҳи мисқолу зарратин мина-л-имон». Ай, берун ояд аз оташ касе, ки дар дили ӯ мисқоли заррае имон бошад. Ва инро диле пур аст аз имон, пас чӣ гуна ҷовид дар оташ бошад? Ва дар ҳадиси Ҷабраил шарт накардааст имонро, магар тасдиқ ба Худой ва фариштагон ва китобҳо ва пайғомбарон ва рӯзи қиёмат, чунон ки пеш рафтааст.
Дараҷаи панҷум он ки ба дил тасдиқ кунад ва умр чандоне мусоадат нанамояд, ки ду калимаи шаҳодат бита-
1 Қавл – (гуфтан ба забон)-ро шарти тамомом будани имон шумурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор