Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ибни Муборак чӣ гуна роҳи варӯро паймуд ва ба сухани фақеҳон илтифот накард, ки мегӯяд дар ин гуна умур тасомуҳ равост»1.

Дар паҳлӯи ин Ғаззолӣ ба ду ҳадиси Пайғамбари ислом низ рӯй меорад:

  1. Гуноҳ он аст, ки дилро бихалад.
  2. Аз дилат бипурс ва рав фатводиҳандагон туро фатво диҳанд, фатво диҳанд ва фатво диҳанд.

Ба ҳамин тариқ Ғаззолӣ бурҳони асосии худро дар масаълаи хусусияти динӣ ва дунявии фиқҳ баён сохта фиқҳи тоат ва покро ба расмият мешиносад, ки он ба сафои дил, дурустии фаъолияти фақеҳон, дарки ботинии зиндагии онҳо, амнияти мардуму ҷомеа меоварад. Сарфи назар аз он ки фақеҳон хурдтарин шартеро аз шартҳои, ки «сулуки тариқати охират» фароҳам овардааст ва онро анҷом диҳанд, ин амал боиси он шуда метавонад, ки раванди ислоҳи ҷомеа ва пок сохтани онро аз хусуматҳои дохили иҷтимоӣ, ки сабаби хатари ҷиддии амнияти давлат ва ҷомеаи исломӣ гардидаанд, ба самти дуруст ҳидоят созанд. Ба қавли Ғаззолӣ, нишондани ғубор барои беҳтар дидан аст, ба шарти он ки дида ва дидакушояндае дар миён бошад. Чангу ғуборрубӣ на дидае меофарад ва на дидаи бастаеро мекушояд. Дар робита ба ин, намозу закоти «фиқҳписанд» низ ҷуз он ки инсонҳоро орому худотарс карда, дасти онҳоро камтар ба зӯроварию таҷовуз кушода бештар онҳоро ба шариат ҳидоят мекунанд ва ғайри он дигар таъсире надоранд. Ҷомеаи ором, инсонҳои бо тамкину боадаб тавассути одоби фиқҳӣ мехоҳанд ҳаром нафурӯшанд, зулм накунанд, ва ба якдигар таъна назада, оташи низоъ наафрӯзанд, ҳуқуқи якдигарро ҳурмат на-

1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 2, Рубъи дуввум. Китоби одоби сафар. Фасли дуввум. — С. 255

пешина
аз 567
навбатӣ