Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
гуфтаанд, ки он уқубати далерӣ аст бар даъвии вилоят ва каромат. Ва яке аз орифон гуфт: «Агар шаҳодатро бар ман бар дари сарой арза доранд ва мурдани ботавҳидро ба дари ҳуҷра, мурданро бар шаҳодат ихтиёр кунам, чи надонам, ки аз дари ҳуҷра то дари сарой дили маро чӣ пеш ояд, ки мӯҷиби тағйир шавад аз тавҳид». Ва яке аз эшон гуфт: «Агар касеро панҷоҳ сол ба тавҳид шиносам, пас миёни ман ва ӯ устуне ҳоил шавад ва дар ҳол вафот кунад, ҳукм накунам, ки бар тавҳид рафта бошад». Ва дар ҳадис аст: «Ман қола ано мӯъминун фаҳува кофирун ва ман қола ано олимун фаҳува ҷоҳилун». Эй, ҳар кӣ даъвии имон кунад кофир бошад ва ҳар кӣ даъвии илм кунад, ҷоҳил бувад. Ва дар тафсири «Ва таммат калимату Раббика сидқан ва адлан» чунин гуфтаанд, ки сидқ мар он касро, ки бар имон вафот кунад ва адл мар он касро, ки бар ширк мирад. Ҳаққ таъоло гуфтааст: «Ва ли-л-Лоҳи оқибату-л-умури»².
Ва чун шакк дар ин масобат³ бошад, истисно воҷиб бувад, чи имон иборатест аз он чи муфиди биҳишт бошад, чунон ки рӯза иборатест аз он чи зимматро мубарро гардонад. Ва он чи пеш аз ғуруб табоҳ шавад, зимматро мубарро накунад. Ва имон ҳамчунин бошад, бал раво ки касеро аз рӯзаи гузашта пас аз фароғ, ки дар он тангӣ набувад, бипурсанд, ки дирӯз⁴ рӯзадор будӣ? Бигӯяд: «Иншоаллоҳ». Чи рӯзаи ҳақиқӣ он бошад, ки мақбул бувад ва қабул аз ӯ муғаййаб⁵ аст [ва ҷуз Худой] бар он мутталеъ нашавад. Ва аз ин рӯй истисно дар ҳамаи аъмоли хайр хуб ояд. Ва он шакки дар қабул бошад, чи пас аз он чи зоҳири [шурут]-и сиҳҳат ҳосил ояд, сабабҳои хафӣ бошад, ки монеи қабул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор