Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ва он машкук аст ва барои ин истисно неку меояд. Ва асли ин нифоқ тафовути сирр ва алония аст ва эмин аз макри Ҳаққ таъоло ва уҷб ва [он чӣ] ҷуз сиддиқон аз он холӣ набошанд.
Ваҷҳи [чаҳорум], ки ба шакк мустанад аст, он аст, ки шакк аз бими хотимат аст, ки ӯ надонад, ки имон дар ҳоли марг монад ё намонад. Агар хотимат бар куфр бошад, имони собиқ ботил шавад, чӣ мавқуф аст бар саломати охир. Ва агар рӯзадор [ро] чоштгоҳӣ аз сиҳҳати рӯзаи ӯпурсӣ ва гӯяд, ки ман соимам қатъан ва агар пас аз он ифтор кунад, пайдо ояд, ки дурӯғ гуфта бувад, чӣ сиҳҳат мавқуф аст бар итмоми он то ғуруби хуршед. Ва чунон ки рӯз ҳангоми тамоми рӯза аст, умр ҳангоми тамоми сиҳҳати имон аст ва сифат кардани он ба сиҳҳати пеш аз охири он, бино бар истисҳоб¹ дорад ва ӯ машкукун фиҳ аст ва оқибат маҳуф. Ва бештар гиряи хоифон барои он бувад², ки аз самараи ҳукми собиқ ва машияти азалӣ аст, ки ҷуз ба зуҳури хотимат зоҳир нашавад ва башаре бар он мутталеъ нагардад. Ва хавфи хотимат барои хавфи собиқа аст ва раво, ки дар ҳол чизе зоҳир бошад, ки ҳукми собиқ ба нақизи он аст. Ва кист он ки бидонад, ки аз Ҳаққ таъоло барои ӯ чӣ некӯӣ собиқ шудааст? Ва дар тафсири «Ва ҷоат сакрату-л-мавти би-л-ҳаққи»³. Чунин гуфтаанд, ки сакароти марг собиқаро зоҳир гардонид. Ва яке аз салаф гуфт, ки аз аъмол дар вазн наёяд, магар хотиматҳои он.
Ва Бӯдардо — разия-л-Лоҳу анҳу — савганд ёд кардӣ, ки ҳеҷ кас аз салби имон эмин набошад, ки на имони ӯ маслуб шавад. Ва гуфтандӣ: баъзе аз гуноҳ [215] он аст, ки уқубати он сӯи хотимат аст — наъузу би-л-Лоҳи минҳу — ва
¹ ал-Истиҳоб ҳува-л-ҳукму-л-лазӣ ясбиту фи-з-замони-с-сонӣ бино-ан ало замони-л-аввал («Таърифот»-и Ҷурҷонӣ).
² Барои он чизе буд.
³ Қоф, 50:19.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор