Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

[МАРТАБАИ АВВАЛ]

[ПОК КАРДАНИ ЗОҲИР АЗ АҲДОС1 ВА АҲБОС2 ВА ФАЗАЛОТ3]

Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Сипос он Худойро, ки аз роҳи лутф бандагони худро ба назофат таъбуд фармуд ва барои тазкияти бавотини эшон [ифозат]-и алтоф ва анвор бар дили эшон арзонӣ дошт. Ва ба ҷиҳати татҳири [завоҳир]-и эшон обро [216], ки мавсуф аст ба риққат ва латофат махсус гардонид. Ва дуруд бар Муҳаммади мустафо, ки нури ҳидояти ӯ атроф ва акнофи оламро шомил аст ва бар оли гузидаи ӯ, ки таҳорати эшон комил, дуруде, ки баракати он моро нигоҳ дорад рӯзи маҳофат ва дар масобати4 сипаре бошад дар дафъи офат. Пайғамбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «Буния-д-дину ала-н-назофати». Ва низ гуфт: «Мифтоху-с-салоти-т-туҳур». Эй, калиди намоз покӣ аст. Ва Борӣ таъоло фармуд: «Мо юриду-л-Лоҳу лияҷъала алайкум мин ҳараҷин валокин [юриду] лиютаҳҳиракум». Эй, муроди Борӣ таъоло аз дасту рӯй шустан он нест, ки аз ранҷи он дилтанг шавед ва даст аз ҷон бишӯед, бал мурод он аст, ки пок шавед ва ношуста рӯй намоед.

Ва аз ин завоҳир мафҳуми аҳли басоир аст, ки муҳимтарини корҳо пок кардани сароир аст. Чӣ дур бошад, ки мурод аз қавли Пайғамбар: «Ат-туҳуру нисфу-л-имони»

_________________________ 1 Аҳдос – (ҷамъи ҳадас), бавлу ғоит, он чӣ ки таҳорату намозро ботил кунад.
2 Аҳбос – (ҷамъи хабас), палидӣ, наҷосат.
3 Фазалот – (ҷамъи фазала), ғоит ва саргин...
4 Дар масобати – ба манзалаи.

пешина
аз 567
навбатӣ