Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

он бувад, ки зоҳирро ба изофати он пок доранд ва ботинро ба хабоис ва разоил машҳун гузоранд. Ҳайҳот-ҳайҳот!

Таҳоратро чаҳор мартаба аст: аввал пок кардани зоҳир аз аҳдос ва аҳбос ва фазалот. Ва дуввум танзифи ҷавореҳ аз гуноҳ ва база. Ва севвум татҳир аз разоил ва ахлоқи накӯҳида. Ва чаҳорум танзеҳи сирр аз ҳар чӣ ҷуз Худой аст ва ин таҳорати пайғомбарон ва сиддиқон аст.

Ва таҳорат дар ҳар мартабае нисфи он кор аст, ки дар он мартаба аст. Чӣ ғояти қусво дар амали сирр он аст, ки ҷалолу азамати Борӣ таъоло вайро мункашиф шавад. Ва ҳақиқати маърифати Худой ҳаргиз дар диле наёяд, то ҳар чӣ ҷуз Худой аст, аз вай берун нашавад. Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Қули-л-Лоҳу сумма зарҳум фӣ хавзиҳим ялъабуна»¹. Бад-он чӣ ин ҳар ду дар як дил нагунҷад. Ва ҳеҷ касро Борӣ таъоло ду дил надодааст: «Мо ҷаъала-л-Лоҳу лираҷулин мин қалбайни фӣ ҷавфиҳӣ»². Ва аммо ғояти қусво дар амали дил он ки онро ба акоиди машруъ ва ахлоқи маҳмуд [маъмур гардонад] ва бад-ин сифот муттасиф нагардад, то он акоиди фосид ва ахлоқи мазмум, ки нақоизи он аст, пок нашавад. Ва пок кардани он як нима аст аз кор ва он нимаи аввал аст, ки шарти нимаи дуввум аст. Пас, покӣ аз ин ваҷҳ нимаи имон аст. Ва ҳамчунин покӣи ҷавореҳ аз маъсиятҳо яке аз ду нима аст ва ободонии он ба тоатҳо нимаи дуввум.

Ва ин мақомоти имон аст. Ва ҳар мақомеро табақаест ва банда ба табақаи болотар нарасад, то аз табақаи фурӯтар нагузарад. Ва таҳорати сирр аз сифоти накӯҳида ва иморати он ба сифоти сутуда наёбад, то аз таҳорати дил аз хӯйҳои бад ва иморати он [217] ба хӯйҳои нек фориғ нашавад. Ва бад-ин мартаба нарасад, то ҷавореҳро аз маъсиятҳо пок накунад ва ба тоатҳо ободон нагардонад. Ва ҳар матлуб,

пешина
аз 567
навбатӣ