Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

алайҳи-с-салом — моро ҳама чиз биёмӯхт то одоби қазои ҳоҷат. Ва фармуд: «Ба устухон ва саргин истинҷо накунем. Ва бодозт, ки дар бавл ва ҳадас рӯй ба қибла орем».

Ва марде баъзе аз саҳобаро аз аъроб дар ҳоли муҳосамат гуфт: «Пиндорам, ки ту одоби ҳадас некӯ надонӣ». Ӯ гуфт: «Бале, [ва падари ту]¹, ман дар он ҳозиқам. Дур равам ва кулӯҳро сохта дорам ва рӯй ба наботи дирмана ва пушт ба бод дорам. Ва муставфиз² бар пеши қадам эътимод³ кунам ва сурин бардорам⁴».

Ва рухсат омадааст, ки дар наздикии ёри худ [ва пӯшида аз ӯ] бавл кунад ва Пайғомбар бо камоли ҳаёе, ки дошт, барои таълими кайфияти истинҷо он бикардааст.

[ДАР ЧИГУНАГИИ ИСТИНҶО]

Пас мақъадро истинҷо кунад ба се санг. Агар пок бошад, басанда бошад ва илло чаҳорум ҳам ба кор бандад. Ва агар бад-он пок нашавад, панҷум ҳам ба кор дорад. Чи тоқ кардан ҳам мустаҳаб аст. Қола — алайҳи-с-салом: «Ман истаҷмара фа-л-явтир». Ай, ҳар кӣ ба санг истинҷо кунад, бояд ки тоқ кор бандад. Ва санг ба дасти чап гирад ва аз пеши нишастангоҳ бар ҷое ниҳад, ки палид набушод ва ба масху идрот⁵ то паси нишастангоҳ бирасонад ва дуввумро бигирад ва ҳамчунин аз пас ба пеш расонад. Ва севвумро гирди масраба⁶ бигардонад ва агар гардонидан душвор бувад, аз мақдам то маъхар масҳ кунад, басанда бошад.

Пас, санге бузург ба дасти рост бигирад ва қазибро ба дасти чап ва дасти чапро бичунбонад. Ва се бор ба се мавзӯъ бимолад ё ба се санг ё ба се ҷой аз девор, то дар маҳалли масҳ тарӣ намонад. Ва агар ба ду бор ҳосил [227] ояд

1 Дар арабӣ: кола бало ва абик (гуфт: бале, савганд ба падарат).
2 Муставфиз — бар сари пой нишаста.
3 Эътимод — такя.
4 Бардоштан — баланд кардан.
5 Идрот — чархонидан.
6 Масраба — ҳалқаи дубур.

пешина
аз 567
навбатӣ