Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
истода бавл накунад.
Оиша - разия-л-Лоҳу анҳо - гуфт: «Ҳар кӣ шуморо ривоят кунад, ки Пайғомбар истода бавл кардӣ, вайро устувор мадоред». Ва Умар - разия-л-Лоҳу анҳу - гуфт: «Ки Пайғомбар маро дар он [ҳол] дид, манъ фармуд». Ва дар ин боб рухсат ҳам омадааст. Ва Ҳузайфа ривоят кардааст, ки истода бавл кардӣ ва ман об овардам, вузу сохт ва бар мӯза масҳ кард.
Ва дар ҷои ғусл [бавл] набояд кард, ки Пайғомбар гуфт: «Бештари васваса аз он аст». Ва Ибни Муборак гуфт: «Агар дар оби равон бошад, боке набувад». Ва чизе, ки бар он номи Худой ва Расули вай набишта бошад, дар он ҳол бо худ надорад. Ва дар обхона сари бараҳна наравад. Ва дар ҳоли рафтан бигӯяд: «Бисми-л-Лоҳи аъузу би-л-Лоҳи мина-л-хабиси-л-мухбиси-ш-шайтони [226] -р-раҷим». Ва дар ҳоли берун омадан: «ал-Ҳамду ли-л-Лоҳи-л-лази азҳаба аннӣ мо юъзинӣ ва абқо алайя мо янфаъунӣ». Ва санги истинҷо пеш аз қазои ҳочат сохта дорад. Ва дар мавзеи он ба об истинҷо накунад. Ва истиброи бавл ба ҷой орад ба сарфидан ва кашидани он узв ва даст ва аз зери он овардани сегон бор. Ва дар он бисёр наандешад, ки васваса орад ва кор бар вай душвор шавад. Ва агар тарсе эҳсос кунад, бо худ бигӯяд, ки боқии об аст. Ва агар он хотир вайро ранҷа дорад об бар он занад, то дар нафси вай тақдири об қувват гирад ва шайтон ба васваса бар вай мусаллат нашавад. Ва дар хабар аст, ки Пайғомбар - алайҳи-с-салом - ҳам бар ин ҷумла кардааст ва об зада. Ва дар саҳоба ҳар кӣ истибро сабуктар ба ҷой овардӣ, фақеҳтар будӣ. Ва васваса дар он далели андакии фиқҳ аст.
Ва дар ҳадиси Салмон омадааст, ки Пайғомбар -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор