Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ки даҳани худро барои хондани Қуръон ва зикри Худой – азза ва ҷалла – дар намоз пок гардонад. Ва Пайғомбар гуфт: «Салотун ало асари-с-сивоки афзалу мин хамсин ва сабъина салотан бигайри сивокин». Ай, як намоз пас аз мисвок кардан беҳ аз ҳафтоду панҷ намози бе мисвок. Ва гуфт: «Лав ло ан ашуққа ало умматӣ лаамартуҳум би-с-сивоки инда кулли салотин». Ай, агар на онастӣ, ки душворӣ ниҳода бошам бар уммати худ, ҳаройина барои ҳар намозе эшонро мисвок фармудаме. Ва гуфт: «Молӣ арокум тадҳулуна алайя қалиҳан? Истоку». Ай, чӣ афтодааст, ки шуморо мебинам бо дандонҳои зард бар ман дармеоед? Мисвок кунед! Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – дар шабе борҳо мисвок кардӣ.

Ва Алии Бӯтолиб1 – разія-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «ас-Сивоку язиду фи-л-ҳифзи ва юзҳибу-л-балғама».

Мутарҷим мегӯяд, ки мисвок кардан рутубатҳо ва балғамҳоро аз димоғ фурӯд орад ва онро танкият кунад ва бад-он сабаб дар ҳифз2 биафзояд, чи ғалабаи рутубат монеи ҳифз бошад.

Ва саҳоба – разія-л-Лоҳу анҳум – шабонгоҳ ба хона омадандӣ, мисвокҳо бар гӯш ниҳода.

Ва кайфияти ӯ он аст, ки мисвок кунад ба чӯби арок3 ё ғайри он аз шохаҳои дарахтон, ки ба хушунат зардии дандон зоил кунад – дар паҳно ва дарозо ва агар бар яке иқтисор намояд дар паҳно. Ва мисвок мустаҳаб аст дар ҳар намозе ва ҳар обдасте, агарчи пас аз вай намозе набувад ва дар ҳоле ки бӯи даҳан бигардад ба хоб, ё ба гуруснагӣ, ё хӯрдани чизе, ки бӯяш бад бувад.

Ва чун аз мисвок фориғ ояд, барои обдаст бинишинад.

1 Алии Бӯтолиб – изофаи бунуват.
2 Ҳифз – ҳофиза.
3 Арок – (Шаҷарату-с-сивок, дарахти мисвок), дарахтҷае, ки мевааш ҳавосси доруӣ дорад ва решаи онро, ки чӯбӣ ва ситабр аст, дар қадим ба манзалаи мисвок ба кор бурданд.

пешина
аз 567
навбатӣ