Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ва бигӯяд: «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим». Пайғомбар — алайҳи-с-салом — фармуд: «Ло вузуа лиман ло юсамма-л-Лоҳа алайҳ». Ай, вузу комил нест мар он касро, ки бар вай номи Худой таъоло набарад. Ва баъд аз он бигӯяд: «Аъӯзу бика мин ҳамазоти-ш-шаётин. Ва аъӯзу бика Раббӣ ан яҳзарун»¹. Пас, ҳар ду даст се бор бишӯяд пеш аз он ки дар ованд занад. Ва гӯяд: «Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-юмна ва-л-бараката ва аъӯзу бика мина-ш-шуми ва-л-ҳалакати». Пас, бардоштани ҳадас*² ё истибоҳати намоз ният кунад ва онро доим дорад то шустани рӯй. Ва агар дар ҳоли шустани рӯй фаромӯш кунад³, обдаст ботил бувад. Пас ғурфае⁴ барои даҳан бигирад ва се бор мазмаза кунад ва ғарғара, чунон ки об ба гулӯ бирасад магар он ки рӯзадор бувад, ки вайро муболагат набояд кард. Ва бигӯяд: «Аллоҳумма аъиннӣ ало тиловати китобика ва касрати-з-зикри [лака]». Пас, ғурфае барои бинӣ бигирад ва се бор истиншоқ кунад ва обро ба нафас баркашад ва он чи дар бинӣ бувад берун орад. Ва дар истиншоқ бигӯяд: «Аллоҳумма ариҳни роиҳата-л-ҷаннати ва анта аннӣ розин». Ва дар истинсор⁵: «Аллоҳумма иннӣ аъӯзу бика мин равоиҳи-н-нори ва мин сӯи-д-дори». Зеро ки истиншоқ пайвастан аст ва истинсор зоил кардан. Пас, ғурфае барои рӯй ва аз ибтидои мусаттаҳ шудани пешонӣ то интиҳои он чи пеш аст аз занах дар тӯл ва аз гӯш то гӯш дар арз бишӯяд. Ва дар мавзеи бемӯй, ки аз [229] ду ҷониби пешонӣ аст аз ҷумлай сар аст ва дар ҳадди рӯй дарнаояд.
Ва об ба ҷои таҳзиф бирасонад. Ва он ҷойест, ки мӯътоди занон аст, ки мӯй аз он дур кунанд. Ва ӯ он миқдор аст, ки агар як тарафи ришта [бар сари] гӯш ниҳӣ ва тара-
1 Мӯъминун, 23:97-98.
2 Сумма янвӣ рафаьа-л-ҳадаса...
3 Ниятгоҳ.
4 Ғурфа — як мушт об.
5 Истинсор — бинӣ афшондан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор