Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
фи дигар бар гӯшаи пешонӣ, дар ҷониби рӯй афтад¹. Ва ба растангоҳи мӯйҳои ду абрӯ ва ду шориб ва ду мижа ва ду изор об бибояд расонид, чӣ ҳиффате дорад дар ағлаб. Ва изор он бошад, ки баробари гӯш бувад аз оғози маҳосин. Ва агар растангоҳи ӯ хафиф² бошад, воҷиб бувад об бад-ӯ расонидан ва касифро³ воҷиб набувад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа мутлақан воҷиб набувад.
Ва ҳукми анфақа⁴ ҳукми маҳосин аст дар касофат ва ҳиффат ва инчунин се бор бишӯяд. Ва он чӣ аз маҳосин фурӯҳишта бошад обро бар зоҳири он биронад ва ангушт дар чашмхона ва дар мавзеи бихал⁵ ва ҷои фароҳам омадани сурма кунад ва онро пок гардонад, ки аз Пайғамбар ривоят кардаанд, ки ҳамчунин кардааст. Ва дар ин ҳол [ба] берун омадани гуноҳ аз чашм андешад. Ва ҳамчунин дар ҳар обдасте бигӯяд: «Аллоҳумма баййиз ваҷҳӣ бинурика яв-ма табядду вуҷӯҳу авлиёи ва ло тусаввид вуҷӯҳу бизулумотика явма тасвадду вуҷӯҳу аъдоика». Ва хилоли маҳосин ба ҷой орад, ки мустаҳаб аст. Пас ҳар ду даст то оринҷ се бор бишӯяд ва ангуштариро биҷунбонад ва об ба аъолии бозӯ бирасонад, ки рӯзи қиёмат аз асари обдаст ҳар ҷой, ки об расида бо-шад аз аъзои вузӯ сапед ва рӯшан хоҳад буд.
Ва Пайғамбар - алайҳи-с-салоту ва-с-салом - гуфт: «Ҳар кӣ тавонад, ки рӯшанӣ ва сапедии аъзои вузӯи худ бештар кунад, бибояд кард». Ва омадааст, ки то он ҷо, ки об расида бошад, ороста бувад. Ва оғоз аз дасти рост кунад ва бигӯяд: «Аллоҳумма аътинӣ китобӣ бияминӣ ва ҳҳосибнӣ ҳисобан ясиран». Ва дар шустани дасти чап бигӯяд:
1 Аз сурат ба ҳисоб ояд.
2 Хафиф - кампушт.
3 Касиф - пурпушт.
4 Анфақа - ришбача, мӯйҳои андаке аст мобайни лаби зерин ва за-нах ва ба ҷиҳати сабукӣ ва андакӣ бад-ин ном хонда шудааст (анфақа дар асл ба маънии сабук ва андак шудани чизест).
5 Бихал - пихол, пих, чирки гӯшаи чашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор