Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас се бор об ба нимаи рост резад ва се бор бар нимаи чап ва се бор бар сар. Он гоҳ пешу паси андом бимолад. Ва мӯйи сарро аз ҳам ҷудо кунад. Ва об ба растангоҳ – касиф бошад ё хафиф – бирасонад. Ва бар зан воҷиб набусад, ки гесӯро боз кунад магар чун донад, ки об миёни мӯйҳо намерасад. Ва бандгоҳҳои танро тааҳхуд кунад1. Ва бипарҳезад аз он чи даст ба аврат расад. Ва агар расид, обдаст бозгардонад. Ва агар пеш аз ғусл бувад, пас аз ғусл иодат накунад.

Ва ин суннати вузу ва ғусл аст, ки он чи солики роҳи охиратро аз илму амали он чора набувад, ёд кардем. Ва масъалаҳое, ки беруни ин аст ва дар аворизи аҳвол бад-он ҳоҷат бошад, дар он ба кутуби фиқҳ бояд руҷӯъ кард.

Ва аз ҷумлаи он чи дар ғусл ёд кардем, воҷиб ду чиз аст: яке ният, дуввум расонидани об ба ҳамаи андом.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – раҳмату-л-Лоҳ алайҳ – мазмаза ва истиншоқ дар ғусл воҷиб аст ва ният воҷиб нест.

Ва дар вузу ният ва шустани рӯй ва шустани дастҳо то оринҷ ва масҳи сар он миқдор, ки исми [сар] бад-он мутлақ шавад ва шустани пойҳо то шитоланг ва тартиб [воҷиб аст] ва аммо муволот воҷиб нест.

[Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа тартиб ва ният воҷиб нест]. Ва масҳи рубъе аз сар воҷиб аст. Ва бар қавли дигар, миқдори носия ва бар қавли дигар, миқдори се ангушти даст. Ва ин зоҳири ривоят аст ва саҳеҳтар аст.

Ва вуҷуби ғусл ба чаҳор чиз аст: берун омадани манӣ ва илтиқои хитонайн2 ва ҳайз ва нифос3.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа, агар хуруҷи манӣ ба шаҳват бошад бар сабили дафк4, воҷиб ояд ва

пешина
аз 567
навбатӣ