Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
илло воҷиб нашавад.
Ва ғуслҳои дигар суннат аст, чун ғусли ҷумъа ва идайн1 ва эҳром ва вуқуфи Арафа ва Муздалифа2 ва духули Макка ва се ғусли айёми ташриқ3 ва тавофи вадоъ ба як қавл ва кофире, ки бе ҷанобат мусулмон шавад ва девонае, ки ба ҳуш ояд ва касе, ки мурдаие шуста бошад. Инҳо ҳама мустаҳаб аст.
КАЙФИЯТИ ТАЯММУМ
Ҳар кӣ истеъмоли об бар ӯ мутааззир шавад – бад-он чи наёбад пас аз талаб – ё расидан бад-ӯ монеъ бувад аз дадае4, ё боздорандае, ё он миқдор ёбад, ки барои хӯрдани ӯ ва рафиқ бад-он ҳочат бувад, ё мулки дигаре бошад ва бар вай нафурӯшад, магар ба зиёдат аз самани мисл, ё ҷароҳате ё беморие дорад ва дар истеъмоли он бими фасоди узв ва шиддати беморӣ бувад, вайро бояд, ки сабр кунад, то вақти фариза дар [234] ояд.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа чун касе вайро хабар накарда бошад ва бар занни вай ғолиб набувад, талаби об бар вай воҷиб наёяд ва агар пеш аз даромадани вақт таяммум кунад, раво бувад.
Он гоҳ замине талабад, ки бар вай хоки поки холис бошад, ки аз вай ғубор хезад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – раҳмату-л-Лох алайҳ – ба ҳар чӣ аз ҷинси замин бошад раво бувад, агарчи чизе аз он дар даст наёвезад.
Ва ду каффи худ бар он занад, ангуштон ба ҳам бозниҳода ва ҳамаи рӯйи худ як бор бад-он бимолад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа дар ри-
1 Идайн – Иди фитр (рамазон) ва Иди азҳо (қурбон).
2 Вуқуф дар Муздалифа.
3 Айёми ташриқ – се рӯз баъд аз иди азҳо.
4 Дада – ҷонвари ваҳшӣ, ҷонвари даранда; аз дадае - яке аз дадагон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор