Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ВА АММО СУННАТҲО ДАҲ АСТ:
Аввал: ният, ки барои покӣ ва тазайюн ба ҷиҳати намоз равад, на барои очили дунё ва ҳавои нафси худ.
Ва сими ҳаммомӣ пеш аз даррафтан бидиҳад, чи он чи истифоҳоҳад кард, маҷҳул аст ва учрати мунтазар [ҳам маҷҳул]. Ва дар пеш додани сим ду фоида аст: яке рафъи ҷаҳолат аз як иваз; ва дуввум хушҳол кардани ҳаммомӣ.
Ва пои чап пеш дорад ва бигӯяд: «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим, аъузу би-л-Лоҳи мина-р-риҷси-н-наҷаси-л-хабиси-л-мухвиси-ш-шайтони-р-раҷим».
Ва дар вақти хилват дарравад ё гармобаро холӣ фармояд, чи он гоҳ, ки дар гармоба [ҷуз] аҳли дин ва асҳоби эҳтиёт бошанд, дар андомҳои бараҳна дидан аз шоибаи бешармӣ холӣ набошад ва нигаристани авратҳоро ёд диҳад. Ва мардумон дар ҳаракот — ки дар атрофи эзорҳо мунъатиф шаванд — аз кашфи аврат холӣ намоанд. Ва ногоҳ аз он рӯй, ки надонанд, чашм ба аврате афтад. Ва барои ин Абдуллоҳи Умар чашмҳо ба асоба [238] баста буд.
Ва дар ҳоли рафтан зери бозӯи хеш бишӯяд. Ва ба шитоб дар хонаи гарм наравад, то дар аввал арақ кунад. Ва об бисёр нарезад ва бар қадри ҳоҷат иқтисор намояд, чи изни об рехтан ба қаринаи ҳол аст ва зиёдат аз он, агар ҳаммомӣ бидонад, қароҳият дорад, хосса оби гарм, ки дар он ранҷе ва маунате аст.
Ва ба ҳарорати гармоба ҳарорати дӯзахро ёд кунад. Ва тақдир кунад, ки дар хонае гарм соате маҳбус аст ва дӯзахро бар он қиёс гирад. Чи гармоба монандатар хонаест ба дӯзах, оташи зер ва торикии зибар, наъузу би-л-Лоҳӣ минҳу.

1 Эзор – лунг. (он чӣ баданро бипӯшонад, пӯшок, чодур, зерҷома...) 2 Суннатҳо — мустаҳаббот.
3 Даррафтан – дохил шудан.

пешина
аз 567
навбатӣ