Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Бал оқил як лаҳза аз зикри охират ғофил набошад, ки қароргоҳи ӯ он аст. Пас, дар ҳар чӣ бинад, аз обу оташ ӯро ибрате ва маъвизате бувад, ки мард ба ҳасби ҳиммат нигарад. Чӣ агар баззозе ва дурудгаре ва розӣ¹ ва чӯлоҳае дар саройи маъмур дарраванд, баззоз дар фарш бинад ва қимати он андешад ва чӯлоҳа дар ҷомаҳо нигарад ва бофти он тааммул кунад ва дурудгар дар пӯшиш² ва кайфияти таркиби он ва роз дар девор ва кайфияти иҳкоми он. Пас, ҳамчунин солики роҳи охират аз чизҳо набинад магар он чиз, ки вайро панде бувад дар охират, бал [оқил ба] ҳеҷ нанигарад, ки на Ҳаққ таъоло тариқи ибрат бар вай кушода гардонад. Агар дар торикӣ нигарад, аз торикии лаҳад андешад ва ба дидани мор, морони дӯзахро ёд кунад ва ба дидани сурате зишт Мункар ва Накир ва забонияро³ ва ба шунидани овози ҳоил нафхи сурро ва ба дидани чизе хуб неъмати биҳиштро [ва ба шунидани] калимаи радд ё қабул — дар бозор ё дар хона — радд ва қабули худ, ки дар охири амр пас аз ҳисоб вайро мункашиф шавад. Ва чӣ⁴ сазовор аст, ки ин маънӣ бар дили оқил ғолиб бошад! Чӣ монеи ин маъно ҷуз муҳиммоти дунё набувад. Ва муддати муқоми дунёро агар бо муддати муқоми охират қиёс гирад, дар ғояти ҳақорат шумурад дунёро, агар аз он ҷумла набошад, ки дилашон ба қуфл бувад ва басираташон кӯр.
Ва аз суннатҳои гармоба он аст, ки дар вақти рафтан салом нагӯяд. Ва агар касе бар вай салом гӯяд, ба лафзи «салом» ҷавоб бознадиҳад, бал хомӯш бошад, агар ғайри вай ҷавоб гӯяд. Ва агар хоҳад, бигӯяд: «Офока-л-Лох». Ва дар мусофаҳа боке набувад. Ва суханро ба «Офока-л-Лох» оғоз кунад. Ва сухани бисёр нагӯяд. Ва Қуръон нахонад, магар дар сирр ва дар изҳори истиозат аз дев боке нест.
1 Роз — банно, маъмор.
2 *Пӯшиш — сақф.
3 Забония — (ҷамъи зибния), дӯзахбонон, фариштагони муваҳкали дӯзах.
4 Чӣ — чӣ қадар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор