Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Аммо дар ҳаққи занон Пайғомбар – салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам – гуфтааст: «Ло яҳиллу ли-р-раҷули ан юдхила ҳалилатаҳу-л-ҳаммома ва фи-л-байти мустаҳаммун». Ай, мардро ҳалол нест, ки зани худро дар гармоба фиристад, бо он чӣ дар хона ҷои ғусл бошад. Ва машҳур аст ин ки: «Ҳаромун ала-р-риҷоли духулу-л-ҳаммоми илло бимиъзарин ва ҳаромун ала-л-маръати духулу-л-ҳаммоми илло нуфасоа ав маризатун». Ай, ҳаром аст бар мардон дар гармоба рафтан магар бо мизар1 ва ҳаром аст бар занон дар гармоба рафтан магар дар ҳоли нифос ё беморӣ. Ва Оиша – разия-л-Лоҳу анҳо – ба сабаби беморӣ дар гармоба рафта буд. Ва агар зарурате бошад наравад, магар бо миъзаре собиғ2. Ва макрӯҳ аст, ки мард занро музди гармоба бидиҳад, чӣ муин бошад дар он [макрӯҳ] вайро.

НАВЪИ ДУВВУМ

Ки аз тан зоил карда шавад, аҷзо аст, ва он ҳашт аст:

Аввал мӯйи сар. Дар сутурдани он боке нест он касро, ки таназзуф хоҳад аз он ва дар гузоштани он ҳам боке нест он касро, ки равған кунад ва шона. Магар чун ҳар ҷойе пора-пора гузорад, ки он одати шатторон3 аст ё гесӯ фурӯ гузорад, бар ҳайати аҳли шараф – ки он шиори эшон шудааст – чӣ агар шариф набошад он талбис бувад.

Дуввум мӯйи бурут4. Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Қассу-ш-шавориба». Ва дар ривояте «ҷузван» омадааст. Ва «қасс» чидан аст ва «ҷазз» - буридан. Ва дар ривояте «Ҳафффу-л-шавориба ваафу-л-лихя»; ай, бо лаб баробар доред. Ва «ҳифоф» гирд ба гирдро гӯянд. Қавлуҳу таъоло: «Ва тара-л-мароиката ҳофффина мин ҳавли-л-Арши».

1 Мизар – эзор, луғат.
2 Собиғ – дароз.
3 Шаттор – бисёр хабис, одамкуш, роҳзан.
4 Бурут – шориб.

пешина
аз 567
навбатӣ