Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ай, фариштагонро мебинӣ гирд бар гирди Арш даргирифта. Ва дар ривоят аст «ухфу»; ай, сода кунед ва ин мушъири истисол² аст. Ва қавли Пайғамбар – алайҳи-с-салом – ки фармуда «Ҳуфффу!» далолат бар камтар аз ин мекунад. Қавлуҳу таъоло: «Ин ясъалкумуҳо фаюҳфикум³», ай, агар бихоҳад аз шумо онро ва бар шумо дар он истиқсо кунад.

Ва ҳалқ⁴ ворид нест ва ихфо наздик аст ба ҳалқ. Ва ҳамчунин аз саҳоба ривоят кардаанд. Ва яке аз тобеин мардеро дид, ки ихфо карда буд, гуфт: «Саҳобаро бар ёди ман додӣ». Ва Муғираи Шӯъба гуфт: «Пайғамбар дар ман нигарист ва мӯйлаби ман дароз шуда буд, гуфт: «Биё!» Ва онро бар мисвоке бибурид⁵».

Ва дар гузоштани сибол боке нест ва он ду тарафи мӯйи лаб аст. Ва Умар ва ғайри ӯ гузоштаанд. Чӣ он даҳанро напӯшад ва чарбии таом дар он намонад. Ва «уъфу-л-лиҳя» он бошад, ки бисёр гардонанд онро ба гузоштани он. Ва дар хабар аст, ки ҷуҳудон мӯйи лаб бигзоранд ва маҳосин бибуранд. Пас, шумо бар хилофи он кунед. Ва баъзе уламо сутурданро кароҳият доштаанд ва бидъат шумурдаанд.

Севвум мӯйи зери бозӯ аст. Ва дар ҳар чиҳил рӯзе як бор натфи он мустаҳаб аст. Ва он бар касе, ки дар ибтидо одат кунад, осон бувад. Ва аммо касе, ки одати ӯ ҳалқ аст, ҳамон вайро басанда бошад, чӣ дар натф таъзиб ва илом аст. Ва мақсад назофат аст ва он ки васах дар миёни он фароҳам наояд ва он ба ҳалқ ҳосил аст.

¹ Зумар, 39:75.
² Истисол – аз бун баркандан.
³ Муҳаммад, 47:37.
⁴ Ҳалқ – сутурдан, теғ андохтан, тарошидан.
⁵ Барои таъйини ҳадду андоза мисвок бар он гузошт ва мозодро бурид.

пешина
аз 567
навбатӣ