Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

пой аст, пас ибтидо бад-ӯ бошад ва рост шарифтар аз чап ва оғоз бад-ӯ бувад. Ва ба дасти рост панҷ ангушт аст ва мусаббиҳа ашрафи он аст, чи ӯ ишоракунандааст дар калимаи шаҳодат, он гоҳ пас аз ӯ оғоз аз ямини ӯ бувад. Чи шаръ тухур ва ҷуз онро ба рост идорат фармояд. Ва агар бар замин пушти дасти [рост] ниҳӣ, бар ямин ибҳом бошад. Ва агар каффи даст [ниҳӣ], вусто [ямин аст]. Ва даст чун бо табъи ӯ гузошта шавад, кафф моил бувад ба ҷиҳати замин - чи ҷиҳати ҳаракати дасти рост сӯи дасти чап аст - ва иститмоми ҳаракат сӯи дасти чап пушти каффро олӣ кунад ва муқтазои табъ авло бувад. Ва чун кафф бар кафф ниҳӣ, ангуштон дар ҳукми ҳалқаи доира бошанд ва тартиби давр ва рафтан аз ямини мусаббиҳа он иқтизо кунад, ки ба мусаббиҳа боз ояд. Пас дар дасти чап оғоз ба хинсир бошад ва хатм ба ибҳом. Ва ибҳоми дасти рост боқӣ монад. Ва кафф бар кафф ниҳода бад-он тақдир кардаем, то ангуштон чун ашхоси дар ҳалқа бошанд, то тартиби он зоҳир шавад. Ва ин тақдир авло аст аз тақдири ниҳодани кафф бар пушти кафф ё ниҳодани пушти кафф бар кафф.

Аммо ангуштони пой — агар нақле дар он собит нашавад — авло наздики ман он бувад, ки оғоз ба хинсири пойи рост бувад ва хатм ба хинсири пойи чап, чунон ки дар таҳлил аст. Чӣ маъниҳое, ки ёд кардем ин ҷо, муттаҷеҳ нашавад бад-он чӣ дар пой мусаббиҳа нест. Ва ин ангуштон дар ҳукми як сафф собитанд бар замин, пас оғоз аз ҷониби рост кунад, чӣ тақдири ҳалқа, чунон ки каффи пой бар каффи пой, аз табъ дур аст ба хилофи даст. Ва ин дақоиқи тартиб ба нури нубувват дар лаҳзае мункашиф шавад. Ва таҳб дароз набошад, магар бар мо. Ва агар моро ба ибтидо пурсанд, бисёр ки дар хотири мо нагардад. Ва чун феъли Пайғамбар — алайҳи-с-салом — ва тартиби ӯ ёд кунанд, раво ки бад-он чӣ ионат фармудааст, ба шаҳодати ҳукм ва танбеҳи бар маъно, истинботи он моро муяссар шавад.

пешина
аз 567
навбатӣ