Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва гумон мабар, ки афъоли ӯ дар ҳама ҳаракот аз вазн ва қонун ва тартиб берун аст. Бал ҳама корҳои ихтиёрӣ, ки фоъил дар он миёни ду қисм ӯ қисмҳо мутараддид бошад, бар яке муайян аз он ба ҳукми иттифоқ иқдом нанамудӣ, бал барои маъние, ки муқтазии он будӣ, иқдом ё тақдим кардӣ. Чӣ истирсоли муҳмал1 - чунон ки иттифоқ уфтод - хӯйи сутурон аст ва забти ҳаракот ба тарозуи маъно – хӯйи авлиёи Худой. Ва ҳар чӣ ҳаракоти одамӣ ва хатароти ӯ ба забт наздиктар ва аз [муҳмал] гузоштан дуртар, наздикии ӯ ба мартабаи авлиё ва анбиё бештар ва наздикии ӯ ба Ҳаққ таъоло зоҳиртар. Чӣ он ки наздики Пайғомбар бошад - ва Пайғомбар ба Худой наздик аст - чора набошад, ки наздик бувад ба Худой, чӣ наздики наздик ба изофати ғайри ӯ наздик бошад. [242] Ва наъузу би-л-Лоҳ, ки зимоми ҳаракот ва саканот ва носияи мо дар [дасти] шайтон бошад ба воситаи ҳаво.
Ва забти ҳаракот ба сурма кардани ӯ эътибор кун, ки дар чашми рост се бор сурма кардӣ ва дар чап ду бор. Чӣ оғози ӯ ба рост барои шарафи он бувад. Ва тафовути адад миёни ҳар чашме барои он то ҷумла ватр2 бувад. Чӣ ватрро фазл аст бар завҷ. Ки Ҳаққ таъоло ватр аст ва ватрро дӯст дорад. Ва набояд, ки феъли банда холӣ бувад аз муносибати сифате аз сифоти Парвардигор. Ва барои ин ватр дар [истиҷмор3] мустаҳаб аст. Ва бар се4 бад-он иқтисор нанамуд бо он чӣ ватранд, зеро ки чашм ба як бор махсус шуд.
Ва мутарҷим мегӯяд, ки тахсиси чап ба як бор лозим нест ва боястӣ, ки чунин фармудӣ, ки як чашм ҳаройина ба як бор махсус гаштӣ5.
1 Истирсол - ҳӯгар шудан; истирсоли муҳмал - кореро бе фикр ва бино бар одат анҷом додан.
2 Ватр - фард.
3 Истиҷмор - бо санг истинҷо кардан.
4 Бар се - маҷмӯан барои рост ва чап, рост ду бор ва чап як бор.
5 Қавли мутарҷим дуруст нест, зеро аз се бор дар маҷмӯъ барои рост ду бор мусаллам мешавад, вале ин айбро пайдо мекунад, ки чап аз назари ватр будан раҷҳон меёбад ва мусанниф худ инро тавзеҳ медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор