Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Шашум ва ҳафтум зиёдати ноф ва пӯсти ҳашафа. Аммо ноф дар аввали вилодат бибуранд. Ва аммо татҳири ба хатна, одати ҷуҳудон он аст, ки рӯзи ҳафтум аз вилодат кунанд ва мухолафати эшон бад-он чи таъхир равад [243], то дандони кӯдак барояд, беҳтар ва аз хатар дуртар.

Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «ал-Хитону суннатун ли-р-риҷоли макруматун ли-н-нисой¹». Ва дар хатнаи зан муболағат набояд. Ва Умми Атия хотинай эшон буд, Пайғомбар вайро фармуд: «Ашиммӣ ва ло танҳақӣ фаиннаҳу асро ли-л-ваҷҳи ва аҳзо инда-з-завҷ». Ай, андак бур! Ва дар он муболағат макун, чи тарки муболағат дар он тароват ва тозагии рӯй иқтизо кунад ва дӯстии шӯй бор орад. Ва муболағат шаҳватро фотир кунад ва лаззати мубошарат намонад.

Пас, дар ҷазолати лафз бин, ки дар киноят риоят намудааст ва дар ишроки нури нубувват², ки аз масолеҳи охират – ки аҳамми мақосиди нубувват аст – ва масолеҳи дунё ҳам итлоъ фармуда, то ин кори ҳақир, ки агар аз он ғафлат рафтӣ, зарар будӣ бо он чи уммӣ буд, ҳам вайро мункашиф гашта. Ва пок аст он Худое, ки вайро ба рисолат фиристод, то раҳмат бар оламиён фоиз шавад. Ва ба Юмни нақибати³ ӯ масолеҳи дунё ва дин интизом пазирад. Салла-л-Лоҳу алайҳи ва ало олиҳи аҷмаиън.

Ҳаштум он чи аз маҳосин дароз шавад. Ва инро охир овардем, то суннатҳо ва бидъатҳо, ки дар маҳосин аст, бад-он мулҳақ гардонем, чи ин мавзеъ муносиб аст зикри онро. Ва мухталиф шудаанд дар он чи аз маҳосин дароз шавад. Ва баъзе гуфта, ки миқдори қабзае бигзорад ва дигар кам кунад, боке набувад. Ва Абдуллоҳи Умар ва ҷамоате аз тобеин ҳамчунин кардаанд. Ва Шаҳбӣ ва Ибни Сирин онро мустаҳсан шумурда. Ва Ҳасан ва Қатода қароҳият доштаанд ва гуфтаанд, ки онро бар ҳоли худ гузоштан беҳтар, чӣ Пайғомбар фармудааст: «Аъфу-л-лиҳя». Ва кор дар ин боб қариб аст, агар бад-он наанҷомад, ки аз ҷониб онро мудаввар кунад. Чӣ дарозии муфрит самиҷ¹ намояд ва абвоби ғайбат кушояд. Ва агар бар ин ният аз он эҳтироз кунад, боке набошад. Нахаъӣ гуфт: «Аҷаб дорам аз марде оқили дарозмаҳосин, чӣ гуна онро кам накунад ва ба эътидол бознаёрад. Чӣ миёна дар ҳамаи чизҳо сутудааст». Ва барои он гуфтаанд, ки ҳар чӣ маҳосин дароз бошад, ақл кӯтоҳ бувад.

Фасл. Дар маҳосин даҳ хислати макрӯҳ аст ва баъзе аз он макрӯҳтар аз баъзе. Ва он ранг кардан аст ба сиёҳӣ ва сапед гардонидан ба гӯгирд ва натфи он ва натфи мӯйҳои сапед аз он ва кам кардан ва афзудан ва шона кардан барои риё ва тасаннӯъ ва бишӯлида гузоштан барои изҳори зуҳд ва нигаристан дар сиёҳии он аз роҳи эъҷоб ба ҷавонӣ² ва дар сапедии он аз рӯи такаббур ба пирӣ³ ва ба сурхӣ ва зардӣ ранг кардан, бе нияте барои ташаббӯҳ ба порсоён.

Аммо аввал ва он ранг кардан аст ба сиёҳӣ. Манҳий аст. Пайғомбар – салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам – гуфт: «Хайру шабобикум ман ташаббаҳа бишуюхикум ва шарру шуюхикум ман ташаббаҳа бишабобикум». [244] Ва мурод он аст, ки дар виқори пирон ташаббӯҳ кунад на дар сапедии мӯй. Ва аз ранг кардан ба сиёҳӣ манъ кардааст ва гуфта: «Хува ҳизобу аҳли-н-нори». Ва дар ривояти дигар: «ал-Ҳизобу би-с-саводи ҳизобу-л-куффори».

Ва дар аҳди Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – марде тазаввуҷ кард ва ба сиёҳӣ ранг карда буд. Ва чун ҳизоб зоил шуд ва пирӣ зоҳир гашт, қаробатони [зан] ба Умар мурофаат карданд.

пешина
аз 567
навбатӣ