Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва ғолиб он бошад, ки як бор усули пилқҳоро ба сурма мустағриқ накунад ва низ агар як бор чашми рост бувад ва ду бор чашми чапро, ба зиёдӣ адад чапро бар рост тарҷеҳ бувад ва фозилтар бояд, ки роҷеҳ бошад. Ва агар ду бор чашми ростро бувад ва як бор чашми чапро, чашми ростро, ки афзал аст завҷ бувад, ки мафзул аст ва ин муносабат набошад. Ва низ оғоз ба завҷи марҷӯҳ бувад, на ба ватри роҷеҳ. Ва тахсиси рост ва ватрият ва зиёдӣ адад барои шарафи вай аст.

Суол: Чапро ба ду, ки завҷ аст, чаро махсус кард?
Ҷавоб: Он зарурат аст, чи агар ҳар якро ватр бувад, ҷумла завҷ бошад ва риояти ватрият дар маҷмӯъ феъле, ки дар ҳукми як хислат бувад, риоят фармудааст, на дар оҳоди он. Ва онро ҳам ваҷҳе ҳаст. Ва он он аст, ки дар ҳар яке се бор кунад бар қиёси вузу ва он низ дар хабаре саҳеҳ омадааст ва авлост. Ва агар дақоиқи он чи Пайғомбар дар ҳаракоти худ риоят фармудааст, истиқсо кунам, татвил аз ҳадд бигузарад. Пас, ношунидаро бар шунида қиёс кун, ки олим вориси Пайғомбар набошад, то бар ҳамаи маъонии шариат мутталеъ нашавад, то ба ҳадде, ки миёни ворис ва муваррис. Чи муваррис он аст, ки молро ҳосил кардааст ва ба таҳсили он мустақил буда ва бар он қодир шуда. Ва ворис он ки ҳосил накардааст ва бар он қодир нашуда, валекин бад-ӯ нақл афтодааст ва ӯ пас аз хусул қобили он шуда. Ва амсоли ин маъонӣ бо он чи саҳл бувад, чун вайро ба ағвор ва асрор изофат кунӣ, ҷуз анбиё ба идроки он бар сабили ибтидо мустақил набошанд. Ва истинботи он ба талаққӣ пас аз танбеҳи анбиё ҷуз уламо, ки варасаи анбиё-анд, натавонанд.

1 Риоят ва тартиб дар оҳодро.

пешина
аз 567
навбатӣ